Нашрияи Омӯзгор

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ?

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Поку беолоиш нигоҳ дош-тани забон аз омилҳои муҳимми тарбияи зебоипарастии насли наврас буда, он аз муносибатҳои ҳамарӯзаи волидон дар хона, омӯзгор дар мактаб ва калонсолон дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад.

Бешак, ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, дақиқ омӯхтан, донистан ва истифодаи дурусту бамавриди забон бояд аз хонавода шурӯъ шавад, зеро оила маконест, ки кас дар муҳити он шунидаю дидаашро зуд қабул мекунад. Некро нек мебинаду бадро бад.

Ҳангоми таҳсил дар мактаб бошад, ташаккул ва рушди забони адабии насли наврас ба роҳ монда мешавад. Сипас, бо гузашти чандин сол ӯ ҳамчун узви ҷомеа пазируфта шуда, метавонад ба ташаккулёбӣ ва нигаҳдории меъёрҳои забон таъсири худро расонад. Ҷавонони мо ояндаи худро дурахшон дидан мехоҳанд, вале дарк намекунанд, ки ояндаи неки онҳо ба фарҳанги забондониашон низ вобаста аст.

Мутаассифона, мушоҳи-даҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар ин самт як дараҷа ҳарҷу марҷ ва риоя нагардидани меъёрҳои унсурҳои забони адабӣ ба назар мерасад. Ҳолатҳои зиёде рух медиҳанд, ки намояндагони қишри ҷавони ҷомеа бо суханҳои зишту номуносиб ва дашномҳои қабеҳ табъи атрофиёнро хира месозанд. Ин амали онҳо, бешубҳа, аз беэҳтиромӣ, носипосӣ ва паст будани фарҳанги ахлоқиву забондониашон гувоҳӣ медиҳад.

Бо мақсади муайян намудани омилҳои ҷойдошта дар ин самт мо тасмим гирифтем, ки миёни ҷавонон пурсишнома гузаронем ва барои ин саволҳои зеринро пешниҳод намудем:

1. Сабабҳои асосии истеъмоли калимаҳои дағал ва ҳақоратомез дар нутқи шумо аз куҷо сарчашма мегиранд?

2. Шумо мехоҳед нутқи шифоҳиатон ба меъёрҳои забони адабӣ баробар бошад?

Баъд аз гирифтани ҷавобҳо маълум гашт, ки нутқи шифоҳии ҷавонон имрӯз то андозае аз забони адабӣ тафовут дошта, беҳбудӣ мехоҳад. Муайян шуд, ки наврасон дар нутқи фардии худ калимаву ифодаҳои дағал, аз қабили девонашай, ба маънои “хеле олӣ”, харай “хеле зебост”, ҳайвонай “ниҳоят мафтункунанда”, гӯшот меҷунба, “дар ҳайрат мемонӣ”, шери нарай, “ишора ба ҷавонмардии касе”, хари бадай, “аз ҳад зебо”, тенҷай “маъқул аст”-ро  бештар истифода мебаранд.

Дар осори бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик унсури хар аз ҷумлаи ҳайвоноти бефаҳму камшуур ва якрав тасвир ёфтааст. Пас, аз чунин муомила ба хулосае омадан мумкин аст, ки вожаи “хар” ба бефаҳмию якравияш нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза мақоми арзандаи худро аз даст надода, баръакс, “фаъолтар” гардидааст. Масалан, агар нафаре тундиву тундрафторӣ ва ё дигар амали ба инсон номуносибро анҷом диҳад, атрофиён нисбат ба ӯ ифодаи “Ӯ (фалонӣ) хар аст”-ро истифода мебаранд. Мутаассифона, имрӯз дар забони бисёре аз наврасону ҷавонон калимаи мазкур маънои нав касб намуда, ҳамрадифи вожаи “зебоӣ” гаштааст.

Ҷавонон иброз доштанд, ки сабаби асосии истифода аз чунин калимаҳо, пеш аз ҳама, дар замонавӣ будан, яъне ба ҳукми мӯд даромадани онҳост. Агар ҷавонони мо ба ҷойи истифода аз калимаҳои сақатомеза калимаҳои хушоҳангу фасеҳро, ки дар онҳо оҳангу ҷилоҳои мусбати эҳсосиву иродавӣ тарҳрезӣ шудаанд, истифода кунанд, беҳтар мешуд. Мувофиқи назарсанҷии мо, шумораи ҷавононе, ки мехоҳанд нутқи шифоҳиашон ба меъёрҳои забони адабӣ мувофиқ бошад, нисбат ба наврасоне, ки намехоҳанд забони адабиро омӯзанд, ба 74% мерасад. Ин шумора то ҷое қонеъкунанда буда, боварии моро дар самти беҳдошти сатҳи забондонии ҷавонон зиёд гардонд. 

Ба назари мо, фурсати он расидааст, ки бояд ҷавонон ҷиҳати пойдории забони адабӣ ва риояи меъёрҳои он беш аз ҳарвақта кӯшиш намоянд, то мо тавонем ба наслҳои оянда забони ноб, беолоиш ва содаву фаҳмои тоҷикиро ба мерос гузорем. Тавре ки шоири ширинкалом, шодравон Лоиқ Шералӣ мефармояд:

То чанд ту бо гузаштагон

менозӣ,

Бо Рӯдакию ба Ҳофизи

Шерозӣ?!

Вақт аст, ки аз минбари

озоди сухан

Хайёми дигар, Ҳофизи дигар

созӣ.

Роҳи дигари бартараф намудани ин зуҳурот, ба андешаи мо, таълими воқеии фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳост. Таълими ин фанҳоро набояд кори саҳл донист. Забон ва адабиёт ҷилодиҳандаи худшиносӣ, зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, тарбияи маърифатшиносианд, ки чунин қудратро илмҳои дигар надорад. Таҳлилу маънидод намудани шеър хонандаро ба латофати забон, дарки маънӣ ва сермаъноии калима ошно месозад. Балоғату фасоҳати калима боиси баланд шудани сатҳу сифати забони гӯянда мегардад.

 

Таҳмина ҲОҶИБОЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №47-и

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш