Нашрияи Омӯзгор

Омода намудани табибон – вазифаи аввалиндараҷа

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Интихоби касб аз муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз мегардад. Дар бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон ва наврасон ба ин ё он касб мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ нақши калон доранд. Аз ин рӯ, мураббиёну омӯзгоронро мебояд, ки дар хусуси моҳияту ҳадафи ҳар як касб иттилооти зарурӣ дошта бошанд. Яке аз касбҳои пурифтихор табибӣ ба ҳисоб меравад ва ҳеҷ коре муҳимтар аз наҷот додани ҳаёти инсон ва ҳифзи саломатии мардум намебошад.

Дар омода кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ нақши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ хеле калон мебошанд. Аз ҷумла, муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ” зодаи даврони истиқлолият буда, дар он тамоми шароитҳо барои таълими донишҷӯён ва тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба муҳайё мебошад. Дар коллеҷ низоми кредитии таҳсил ҷорӣ буда, ҳамаи факултаҳои он бо технологияи иттилоотии ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд ва машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим сурат мегирад. Коллеҷ дорои Беморхонаи клиникӣ, марказҳои ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, таълими дандонсозӣ, Маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ, озмоишгоҳҳои фаннии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир мебошад, ки дар онҳо донишҷӯён малакаҳои касбии худро сайқал медиҳанд. Дар коллеҷ мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин: кори момодоягӣ дандонсозӣ, фарматсевтӣ ва ҳам-ширагӣ тайёр карда мешаванд.

Зулфия ЮСУФОВА,

омӯзгори кафедраи фанҳои

гуманитарии  муассисаи

таълимии ғайридавлатии

“Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш