Нашрияи Омӯзгор

Стандартҳои байналмилалии  таҳсилоти олӣ

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Соҳаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои  даҳсолаи якуми асри ХХ1 тамоюли рушди бомаромро касб кард. Бо манзури далелҳои оморӣ солҳои 2000-2020 дар ҷумҳурӣ 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии нав таъсис дода шуданд. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 консерватория, 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, 1 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии дохилӣ ва 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ) фаъолият доранд. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69000 донишҷӯ амал карда бошад, соли 2020 теъдоди муассисаҳои мазкур ба 40 адад афзоиш ёфта, шумораи донишҷӯён 206000 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳамин тартиб, агар дар муассисаҳои олии касбии кишвар соли таҳсили 1991 дар маҷмӯъ, 226 доктори илм ва 1835 номзади илм ба тадрис шуғл варзида бошанд, чунин нишондод дар соли 2019 то ба 568 доктори илм ва 2179 номзади илм афзудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳамин замина вусъат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ки ҳадафи ниҳоии он ширкати бевосита варзидан дар ҳалли масоили мубрами соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва равобити фарҳангию илмии сатҳи ҷаҳонӣ иборат мебошанд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хешро мутобиқ сохт. Ҳанӯз соли таҳсили 2005-2006 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун мактабҳои олии таҷрибавӣ барои омодагӣ ва татбиқи низоми кредитии таҳсилот муқаррар  шуданд, ва тибқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №529 қабул гардида буд, то соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ комилан ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд.

Созмонҳои байналмилалӣ барои танзими муносибатҳои ҷаҳонӣ, ки санадҳои дахлдорро қабул карда, дар ҳамкории давлатҳо вобаста ба рушди соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи илм ва маориф нақш ва саҳми муҳим доранд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва аз 6 апрели соли 1993 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) пазируфта шудааст. Стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби созмонҳои мазкур қабул мешаванд, ба ҳаёти осудаю осоишта, зиёдтар ва баландтару қавитар гардонидани эътимод ба сифати фаъолият, хизматрасонӣ ва мавод нигаронида шуда, бештар хусусияти машваратӣ ва тавсиявӣ доранд.

Стандарти таҳсилот санади меъёрии ҳуқуқиест, ки маҷмӯи мақсаду вазифаҳо, мазмуни асосии таҳсилот ва ташкили ҷараёни таълимро муайян намуда, талаботи умумиро ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ, сифати дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти муҳассилин, қоидаҳои назорати давлатии сифат ва натиҷаҳои таҳсилот, сатҳи омодагии хатмкунандагон ва ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро муқаррар менамояд. Иловатан стандарти таҳсилоти олӣ маҷмӯи муқаррарот ва  меъёрҳоест, ки мазмуни таҳсилоти олӣ, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарию миллӣ муайян мекунад. Ҳамчунин, стандартҳои байналмилалии таҳсилот салоҳияту ваколат ва ҳуқуқҳои умумибашариро аз назари саводнокӣ, донишандӯзию маълумотнокӣ, навгонию арзишҳои касбӣ, одобу ахлоқ ва ҷаҳонбинӣ баён месозад.

Айнан ва маҳз бо номи стандартҳои байналмилалии таҳсилот, ки маҷмӯи муқаррарот ва меъёрҳои мушаххаси таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти олиро дар бар гираду ҳамчун намуна барои кулли давлатҳои дунё мавриди истифода қарор ёбад, санад таҳия ва қабул нагардидааст. Аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар зинаи таҳсилоти олӣ барои бахше аз ихтисосҳо бо унвони мазкур стандартҳо таҳия шудаанд. Аз ин рӯ, истифодаи ифодаи «мутобиқ гардонидан ба стандартҳои байналмилалӣ» ё «ҷаҳонӣ» ишора ба санади мушаххас набуда, муқаррарот ва ё меъёрҳои ҷудогонаи дар санадҳои мухталифи байналмилалӣ таҳияшударо мефаҳмонад.

Стандарт калимаи англисӣ буда, маънои луғавии меъёр, қоида, намуна, нусха, қолаб (қолиб), сохт, шакл, маҳак, навъ, тарз ва хелро ифода карда, ҳамчун истилоҳ маънои санади меъёрӣ ё муқарраркунандаи қоидаро дорад.

Стандарт, меъёр, қоида ё муқаррароти дигари муносибатҳо дар соҳаи маориф тавассути санадҳои байналмилалии мухталиф барои кулли давлатҳои аъзои СММ ва ЮНЕСКО муайян ва тавсия мегарданд, ки чанде аз онҳо мавриди назар қарор меёбанд ва дар маҷмӯъ стандартҳои байналмилалии таҳсилот, аз ҷумла  таҳсилоти олӣ ба шумор мераванд.

Аз ҷумла, дар қисми 1 моддаи 26 Баёнияи умумии ҳуқуқи инсони Ассамблеяи Генералии СММ аз 10 декабри соли 1948 стандарти ҳадди ақалли таҳсилот муқаррар ва дарҷ гардидааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад ва таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ ройгон аст. Таҳсилоти техникию касбӣ умумидастрас ва таҳсилоти олӣ дар асоси қобилияти шахсӣ бояд барои ҳама дастрасии якхела дошта бошад. Кисми 3 моддаи мазкур ҳукуқи падару модаронро дар таъмини таҳсили фарзандон муайян мекунад.

Ассамблеяи Генералии СММ 18 декабри соли 1979 Конвенсия «Дар бораи аз байн бурдани ҳама шаклҳои поймоли ҳуқуқи зан»-ро қабул мекунад, ки моддаи 10 он комилан ба баробарии ҳуқуқи зану мард дар таҳсил бахшида шудааст.

Ҳамчунин, дар баёнияи Ассамблеяи Генералии СММ аз 19 декабри соли 2011, №66/137 дар бораи таҳсилот ва тайёрӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад ва таҳсил ҳамчуни арзиши иҷтимоӣ бояд ба инкишофи ҳаматарафаи шахс равона бошад.

ЮНЕСКО аз 9 октября 1998 «Баёнияи умумиҷаҳонӣ оид ба  таҳсилоти олӣ барои асри ХХ1: муносибат ва чораҳои амалӣ»-ро қабул кард. Баёнияи мазкур муносибатҳои навро ба рушди таҳсилоти олӣ ва роҳҳои наздикшавӣ ба фаъолияти касбии амалиро муайян мекунад. Ҳамчунин, вазифагузорӣ менамояд, ки дар таҳсилоти олӣ бояд муносибатҳои нави навоварӣ ва эҷодкорӣ бо истифода аз технологияхои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ амалӣ гардонида шавад.

Ҳамзамон, мутахассис бо таҳсилоти олӣ на танҳо соҳиби касб, ҳамчунин, бояд масъулияти иҷтимоиро эҳсос намуда, аъзои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии муосир бо риояи талаботи баробарӣ ва боадолатӣ бошад.

Қонунгузории Сингапур, ки маорифи он дар яке аз ҷойҳои ифтихорӣ қарор дорад, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ таҳсил ва касбомӯзии ҳар як шаҳрвандро новобаста аз асл, нажод, насаб, имкониятҳои маҳдуд ва молиявиаш кафолат медиҳад.

Истисно аз созмонҳои зикршуда ҷараёни Болония (аз номи шаҳри Болонияи Италия) ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ ба шумор меравад, ки намояндагони 29 давлати европоӣ соли 1999 ҷамъ омада, бо мақсади ташкили Фазои европоии таҳсилоти олӣ эъломия қабул кардаанд. Алҳол 47 давлат, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои  Қазоқистону Озарбойҷон ва Федератсияи Россия аъзои ин ҷараён мебошанд.

Мазмуну муҳтаво ва мундаиҷаи Эъломияи Болония асосан дар таҳсилоти олии европоӣ ба роҳ мондани низоми ягонаи заминавии бакалавриату магистратура ва минбаъд докторантура аз рӯи ихтисос, кредитӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳо, таъмини сифати таҳсилот, санҷиш ва рақобатпазирии он, фаъолнокии донишҷӯёну муаллимон ва фароҳам овардани имконияти таҳсилу кори онҳо дар  муассисаҳои олии таълимӣ ва давлатҳои дигарро фаро мегирад.

Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бахше аз талаботи мазкури Эъломияи Болония, аз ҷумла, зинаҳои таҳсилоти бакалавриат, магистрартура ва низоми кредитӣ таҳия ва амалӣ гардонида шудааст.

Дар Европа барои рушди таҳсилоти олӣ ва таъмини сифати он як зумра иттиҳодияҳо, аз қабили Ассотсиатсияи европоӣ оид ба таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ, Иттиҳоди европоии донишҷӯён, Ассотсиатсияи европоии донишгоҳҳо, Ассотсиатсияи европоии муассисаҳои олии таълимӣ, Таҳсилоти байналмилалӣ ва Феҳристи европоии таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки ҳар яке бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Эъломияи Болония стандарт, меъёр ё қоидаи судмандеро  тавсия ва пешниҳод месозанд.

Иттиҳодияҳои мазкур зимни конференсияи вазирони маориф соли 2015 дар Арманистон (Ереван) Стандартҳо ва роҳбарӣ барои таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар Фазои европоии таҳсилоти олиро қабул кардаанд. Санади мазкур маҷмӯи меъёрҳоро дар бар гирифта, мақсад ва маҳаки асосии он дар заминаи Эъломияи Болония таъмини сифати таълим ва таҳсилоти олӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимии давлатҳои европоӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи санади зикргардида ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ бояд барои таъмини сифати таҳсилот сиёсат ё ғояи дохилию берунии худро дошта бошад. Сиёсати мазкур бояд тамоми ҷанбаҳои марбут ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, аз ҷумла, робитаи таҳсил ба таълим, илм, тарбия,  муаллим ва дар маҷмӯъ, кулли фаъолияти муассисаи олии таълимиро инъикос карда тавонад.

Дар санади мазкур ҳамчун стандарт (меёър) муқаррар шудааст, ки ҳар як муассисаи олии таълимӣ бояд тартиби таҳия ва тасдиқи барномаҳои таълимии ихтисосҳоро бо назардошти мусоидат ба фаъолнокии донишҷӯён ва натиҷаи босамари он дошта бошад.

Муассисаи олии таълимиро зарур аст, ки аз натиҷаи фаъолияти худ давра ба давра бо инъикоси такмилёбӣ воқеъбинона ва шаффоф ҳисобот ва маълумот нашр намояд. Истисно аз ин, барои таъмини сифати таҳсилот, ки беҳтарин боигарии инсон маҳсуб меёбад ва назорати он бояд хадамоти махсус таъсис дода шавад. Ҳамчунин, барои назорати таъмини сифати таҳсилот олӣ аз соли 2000 (Шабакаи европоии кафолати сифати таҳсилоти олӣ) Ассостсиатсия европоии кафолати сифати таҳсилоти олӣ таъсис ёфтааст.

Сессияи 54 Ассамблеяи Генералии СММ октябри соли 1999  қарори «Таҳсилот барои ҳама»-ро қабул кард, ки мақсади асосии он маҳви бесаводӣ дар  кулли давлатҳои дунёро дар назар дорад. Ин нукта ҳамчун меъёр ё муқаррарот бояд дар стандарт ва санадҳои дахлдори зинаҳои таҳсилот дарҷ ёбанд.

Таснифоти байналмилалии стандартии таҳсилот санадест, ки Конференсияи генералии ЮНЕСКО соли 2011 қабул кардааст ва он аз зинаи  таҳсилоти томактабӣ то докторантураро дар бар мегирад.

Муқаррароти зикргардида стандарт ё меъёри байналмилалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои СММ ва ЮНЕСКО бояд инъикос ёбанд ва татбиқ карда шаванд.

Ҳар як кишвар дар доираи зинаҳои таҳсилот бо назардошти  ҳуввият, арзишҳо ва ғояҳои миллӣ стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва қабул мекунад.

Зинаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 бо гузариш ба низоми кредитӣ ва басёрзинагии таҳсилот (бакалавриат, магистратура, докторантура аз рӯи ихтсисос ва постдокторантура) ба стандартҳои байналмилали таҳсилоти олӣ мутобиқ ва ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шудааст. Дар ҳамин замина Стандарти давлатии таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №94 дар таҳрири нав қабул гардид.

Усул ва сифати таълиму таҳсил ба талаботи ҳадди ақалли миллии стандарт, муқаррарот ва меъёрҳои таҳсилоти олӣ марбут ва мансуб мебошад.

Барои вусъати рушд, густариш, таҳким ва тавсеаи сифати низоми таҳсилоти олии миллӣ мувофиқи мақсад аст, ки стандартҳо фарогиру заминагузори тадбирҳо ва масъалаҳои зерин бошанд, ҳамчунин мавриди арзёбӣ, пайгирӣ, роҳандозӣ ва татбиқ қарор ёбанд:

-           мукаммалгардонӣ ва мазмунану сифатан беҳтар гардонидани нақша ва барномаҳои  таълимӣ;

- ба стандартҳои байналмилалии муваффақ мутобиқ гардонидани нақша ва  барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-           барои беҳтар намудани сифати таълим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маҳорат, масъулнокӣ ва фаъолнокии омӯзгорон бо истифода аз усулҳои нави таълим;

- мувофиқ гардонидани нақшаю барномаҳои таълимии ихтисосҳои монанди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- муайян кардани меъёри сифати таҳсилот барои ҳар як фанни таълимӣ ва таҳияи қолаб ё усули сифати таҳсилот оид ба саҳми омӯзгор ва донишҷӯ дар раванди татбиқи технологияҳои инноватсионӣ;

-           ба забони тоҷикӣ дар шакли электронӣ омода кардани китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ ва рисолаҳои илмӣ;

-           омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир;  

-           таъмини комили лаборатория ва озмоишгоҳҳои илмҳои дақиқ ба технология ва таҷҳизоти нав;

-           бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ташкили курси омӯзиши татбиқи технологияи информатсионӣ дар раванди таълим барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-           таъмини кабинетҳои тахассусии лингофонӣ бо барномаҳои навтарини забонии ҷаҳони муосир;

-           ҷустуҷӯи роҳҳои бештари ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ, таъмини фаъолияти самараноки магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос;

-           дар асоси шартнома бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ мондани иҷрои корҳои илмию амалӣ;

-           бозёфт ва амалӣ сохтани роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ аз тариқи лоиҳаю грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳо, бонкҳо ва иҷрои шартномаҳо;

-           бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон ҳамаҷониба омӯхтан ва истифода намудани имкониятҳои баланд карадани музди меҳнати омӯзгорон ва беҳтар сохтани шароити манзилии онҳо, бунёди бунгоҳҳои табобатӣ, варзишӣ ва истироҳатӣ барои онҳо; 

- ташкили бюрои конструктории омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ва ихтироъкор;

- пайдо намудани захираҳои молиявии иловагӣ тавассути таъсиси технопаркҳо ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мактабҳои олӣ тибқи қонунгузорӣ;

- омода сохтани фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ барои аккредитатсияи байналмилалӣ;

- тарбияи мутахассисони оянда дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори истиқлолияти давлатӣ бо истифодаи таҷрибаи умумибашарию мероси ғании ниёгон ва ҳуввияти миллӣ;

- тақвияти корҳои навоварӣ ва ихтироъкории омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ дар самтҳои афзалиятноки истеҳсолот тавассути ташкили технопаркҳо оид ба истифодаи технологияҳои муосир;

- ба роҳ мондани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва коромӯзии омӯзгорони ҷавони муассисаҳои  олии таълимӣ дар пойгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ;

- мустаҳкам намудани ҳамкории муассисаҳои олии таълимӣ бо институтҳои илмию таҳқиқотӣ.

Н. НАСИМОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш