Нашрияи Омӯзгор

Суҳбат аз журналистикаи соҳавӣ

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Бо иқдоми Вазорати  маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар донишкадаи номбурда конфронси илмию амалии ҷумҳурӣ дар мавзӯӣ  «Нақши WEB – журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо»  бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 108 – солагии матбуоти тоҷик барпо гардид.

Ректори донишкада, доктори илми филологӣ Муҳриддин Низомӣ аз фаъолияти  муассисаи таълимӣ оид ба ҷашнгирии ин идҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, ки дар ин самт дар донишкада нақша – чорабиниҳои зиёде тарҳрезӣ гардидааст, ки зина ба зина дар давоми сол амалӣ хоҳанд гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ декани факултаи режиссёрӣ, кино ва телевизиони донишкадаи мазкур, доктори илми филологӣ Зулфиддин Муъминҷонов дар мавзӯи «Нақши Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард. Маърӯзаи профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродов ба мавзӯи «Мушкилоти таҳсилоти журналистӣ дар шароити рушди интернет» иртибот дошт.

Сипас, донишмандони соҳа ба ду бахш – «Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» ва «Фарҳанги касбии истифодаи жанрҳои журналистика дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ»  ҷудо гардида, конфронсро идома бахшиданд. Дар маҷмӯъ, бештар аз бист маърӯза ироа гардид, ки ҳама ба масъалаҳои умдаи соҳаи журналистика бахшида шуданд.    

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш