Нашрияи Омӯзгор

Таҷҳизоти нав сифати таҳсилро беҳтар мекунад

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

- Дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 2888 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба таълими онҳо 302 нафар омӯзгори тахассусманд машғул мебошанд, - зикр кард директори коллеҷи мазкур Аскар Нуриддинзода. Дар муассиса шуъбаҳои кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори тиббӣ – ташхисӣ, тиббӣ – профилактикӣ, дандонсозӣ ва фарматсевтӣ амал мекунад.

Дар коллеҷи номбурда 10 нафар донишҷӯ бо стипендияи Президентӣ, идрорпулии раиси вилояти Хатлон, идрорпулии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва идрорпулии ҲХДТ таълим мегиранд.

Аскар Нуриддинзода изҳор дошт, ки дар китобхонаи муассиса 17500 адад китоб мавҷуд аст, ки аз ин 12573 адади он китоби дарсӣ мебошад. Барои донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳии дурдаст барои таҳсил омадаанд, хобгоҳ бо шароити замонавӣ муҳайё мебошад.  

 

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш