(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Сипас, аниқтараш аз соли 1946, бо ташаббус ва роҳнамоии таърихшиноси маъруф, муаллифи китоби овозадори «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров шарқшиносон А.Ю.Якубовский, А.М. Бленитский, М.М. Дяконов баҳри муайян намудани мавзеъҳои бостонӣ ҷустуҷӯйҳоро дар водиҳои Зарафшону Ҳисору Вахш ва дар ноҳияҳои Хатлону Дарвоз, кӯҳистони Қаротегину Бадахшон идома дода, ёдгориҳои зиёдеро ба қайд гирифтаанд, ки маҳз дар ҳамин замина аз соли 1947 Экспедитсияи бостоншиносии Суғду тоҷик баҳри гузаронидани ҳафриёт дар Панҷакенти қадим низ таъсис ёфтааст, ки то ҳол ва мунтазам дар тӯли зиёда аз 70 сол фаъолият меварзад.
Абдуллоҷон Исҳоқов дар саҳ. 14–и китоби «Саразм–оғози тамаддуни тоҷикон» 13-уми сентябри соли 1976-ро «рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётам» гӯён ёдовар шудааст, ҳарчанд ки муддати тӯлонӣ, аз соли 1958 сар карда то ба он рӯз таҳти роҳбаладии устодаш Александр Маркович Бленитский нуктаҳои асосии илми бостоншиносиро омӯхта, бо бозёфтҳои нав ба нави хеш: «биноҳои истиқоматӣ, мусаввараҳои рӯйидеворӣ, сиккаҳои ишхидони Суғд, муҷассамаҳои гилин», бахусус, аз он ки аввалин шуда ҳангоми ҳафриёт бурданаш дар кӯҳандизи Панҷакент соли 1965 алифбои суғдиро дар танаи хуме пайдо намуда будааст, на танҳо барои мавсуф (А.Исҳоқов) рӯзҳои фаромӯшнашаванда маҳсуб меёфтанд, балки он бозёфтҳои шогирд борҳо устодаш А.М. Бленитский ва ҳаммаслаконаш–бостоншиносони дигарро низ рӯҳбаланд намуда будаанд.
Бале, бахусус, бори нахуст дар таърих аз тарафи бостоншиноси ҷавон А.Исҳоқов дарёфт карда шудани алифбои суғдиро муаллифони мақолаи «Се кашфиёти нодир» А. Раззоқов ва С.Бобомуллоев дар саҳ.5-и китоби «Абдуллоҷон Исҳоқов–нахустмуҳаққиқи Саразм» (с. 2015) ба гуфтаҳои суғдшиноси рус В.А. Левшитс тақвият бахшидаанд, ки ӯ аҳамияти калони илмӣ доштани алифбои суғдиро, ки минбаъд хондани дастхатҳои ба забони мазкур навишташударо дар илми суғдшиносии олам хеле осон мегардонидааст, таъкид карда будааст.
Инак, он қадар дастоварду бозёфтҳои нодирро, ки ҳар доим барои муҳаққиқи ҷавон Абдуллоҷон Исҳақов, воқеан ҳам, дар саҳифаҳои ҳаёташ ҳамчун рӯзҳои фаромӯшнашаванда сабт мешуданд, ӯ, яъне А.Исҳоқов, пеши рӯ наоварда, чаро маҳз рӯзи 13–уми сентябри соли 1976-ро барояш «рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаёт»–аш ном бурдааст? Ба ин савол худи мавсуф дар саҳ.14-и монографияи хеш «Саразм…» мухтасар ин тавр ҷавоб додааст: «Он рӯз 13-уми сентябри соли 1976 буд, ки бо хабари як сокини оддӣ, хокпоши деҳаи Авзалии ноҳияи Панҷакент Ашӯралӣ Тайлонов ёдгории қадиматарини сарзамини имрӯзаи тоҷикон–шаҳраки Саразм–… кашф шуд».
Асли эҳёи он рӯзи фаромӯшнашавандаро А. Исҳоқов дар мақолаи хеш таҳти унвони «Человек, открывший Саразм», ки дар саҳ. 22-24-и маҷаллаи «Мероси ниёгон» (с. 1998, №3) рӯйи чоп омадааст, батафсил шарҳ додааст, ки муҳтавои мухтасари он чунин аст: Мувофиқи нақли муаллиф, гӯё моҳи сентябри соли 1976 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани Ашӯралӣ Тайлонов–сокини деҳаи Авазалии Совети қишлоқи Чимқӯрғони ноҳияи Панҷакент–ҳамроҳи духтарчаи 8-солааш ҳангоми тамошои Осорхонаи ҷумҳуриявии кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент дар рафи якуми зали дуюми он намунаи табари аз маъдани биринӣ сохташударо, ки аз деҳаи Ёрӣ дастрас шуда будааст, дида, ба як корманди осорхона хабар медиҳад, ки дар хонаи ӯ низ чунин табарча ҳасту агар лозим бошад, метавонад, онро ҳам ба осорхона туҳфа кунад. Ҳамчунин, Ашӯралӣ, то ки ӯро дарёфт намуда тавонанд, ба корманди осорхона хатчае ҳам навишта додааст.
Чун хатчаро ба А.Исҳоқов, директори Пойгоҳи археологии шаҳри Панҷакент медиҳанд, ҳамаи корҳои барои он рӯз ба нақша гирифтаи хешро истисно намуда, ҳамроҳи сарлаборант бо мошини археологӣ таъҷилан ба Саразм, ба ҷустуҷӯи Ашӯралӣ меравад.
А.Исҳоқов таъкид мекунад, ки дар берун, дар ду тарафи дарвозаи Ашӯралӣ, як тӯда сангҳои болои ҳам гузошташуда диққати ӯро ҷалб намудааст, ки намунаи онҳо дар ҳавлии Базаи археологӣ дар шаҳри Панҷакент ба ҳайси сангҳои ғайриодӣ аз ҳар куҷо интиқол дода шуда будаанд. Аҷибаш ин, ки чун бо Ашӯралӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба ҳавлии ӯ ворид шудаанд, дидаанд, ки ҳавлӣ як музеи саҳроиро ба хотир меовардааст:он ҷо зери деворҳои ҳавлӣ сангҳои гуногуни махсус омодакардашуда, ки баъзеашон шабоҳат ба асбобҳои ҷангӣ доштаанд, ботартиб гузошта шуда будаанд. Ашӯралӣ гуфтааст, ки тайи зиёда аз 10 сол ба ҷамъоварии чунин маводи таърихӣ машғул будааст.
Чун аз бозёфти асосӣ–аз табари аз мис (биринҷӣ) сохташуда сухан меравад, Ашӯралӣ меҳмононро ба даруни хона даъват карда, аз сандуқи калон ҳамон табарро, ки дар дохили латтаи махсус печонида монда будааст, гирифта нишон медиҳад, ки он барои муҳаққиқи бостоншинос боиси оғоз ё худ калиди кушоиши ҷои амиқи зисти аввалин ва қадимтарин тоҷикони ба тамаддун расида мегардад, ки дар Саразм (Саризамин) зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурдаанд.
Ашӯрака ба саволи «Шумо ин ҳамаро, аз ҷумла, табарро аз куҷо ёфтед?», меҳмононро аз паси худ ба қафои қишлоқи Авазалӣ бурда, роҳороҳ шарҳ додааст, ки табар ҳангоми кандани таҳкурсӣ барои хонаи истиқоматӣ ёфт шудааст. Дар замини он ҷо, ки аллакай барои коридани ҳосили нав шудгор карда будаанд, дар ҳар сари қадам сафолпораҳо ва яроқҳои гуногуни сангӣ ба назар мерасидааст, ки дар фурсати камтарин як сатил аз он бозёфтҳо пур шудааст. Ва, аз рӯи гуфтаи Ашӯралӣ, майдоне, ки чунин бозёфтҳо дар он ба назар мерасидаанд, басо калон будааст. Баъдан, дар тирамоҳи ҳамон соли 1976 муайян кардаанд, ки ҳудуди он зиёда аз 100 гектарро ташкил медодааст.
Ниҳоят, дар мақолаи мазкур таъкид мешавад, ки таҳти роҳбаладии Ашӯрака, ки дуртар аз ҳавлии ӯ базаи археологӣ таъсис додаанд, дар ин мавзеи таърихии Саразми бостонӣ он солҳо зиёда аз 40 ёдгории археологӣ дарёфт карда шудааст, ки дар ин ҷода нақши ӯ (Ашӯрака) басо бориз будааст.
2.Кушоиш: ҷустуҷӯҳои босубот ва бозёфтҳои аввалин
Археологҳо кори муътадилу мунтазами ҳафриётии худро мувофиқи дастури Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли 1977 оғоз карда бошанд ҳам, онҳо дар баробари гирд овардани бозёфтҳои гуногуни нодир, чи тавре ки дар мақолаи «Тайна захоронения «богиня»-и кашшофи воқеии Саразм А.Исҳоқов омадааст, “олимон орзу мекарданд, ки дар ин ёдгории таърихӣ, ақаллан, ба кушодани қабре даст ёбанд». Чунки, ба ақидаи онҳо, дар бораи дақиқтар маълумот баррасӣ намудан оид ба рӯйдоду ҳодисаҳое, ки аз давру замони вуқӯяшон вақти зиёде сипарӣ шудаву фаромӯш гаштаанд, танҳо дар заминаи омӯзиши ҷасадҳои фавтидагон даст медодаасту бас.
Аммо теъдоди пажӯҳиш-гарону ҳамроҳони бо онҳо ба ҳафриёт машғулбуда кам буду онҳо дар ҳар мавсим, асосан, дар фасли тобистон, ба кушодани қисмати на чандон калони заминҳои пурасрори Саразм ноил мешудаанду бас. Аҷумани байналхалқии Давлати Шӯравӣ ва Фаронса, ки соли 1982 таҳти унвони «Маданияти қадими Бохтар: муҳит, тараққиёт ва робита» дар Душанбе баргузор гардидааст, такони созанда гардида, ба ҳафриёти Саразм такони ҷиддӣ бахшид.
Дар анҷумани мазкур шарқшиносону бостоншиносони Фаронсаву Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маърӯзаи эҳёгари ёдгории Саразм А. Исҳоқовро, ки таҳти унвони «Омӯзиши ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» қироат шуда буд, «ҳамчун навиди тозае аз қаъри асрҳо» қабул намудаанд. Ва ҳамин маърӯза боиси он гардидааст, ки он рӯз «ҳангоми танаффуси кории анҷуман роҳбари бостоншиносони Маркази тадқиқотҳои илмии Фаронса, профессор Жан Клод Гарден бо А.Исҳоқӣ ҳамсуҳбат шуда пешниҳод намуд, ки гурӯҳи илмии ӯ, ки солҳои зиёд дар омӯзиши ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии марзҳои Афғонистону Эрону Балуҷистон машғуланд, метавонанд, дар ёдгории Саразм корҳои тадқиқотӣ баранд». Натиҷаи чунин гуфтушунид ё худ пешниҳоди бостоншиноси Фаронса зимни суҳбат бо Муҳаммад Осимӣ–президенти онвақтаи АИ Тоҷикистон бо баррасии шартномаи ҳамкории муштарак мусбат арзёбӣ шуда бошад ҳам, фаъолияти он аз тобистони соли 1984 таҳти унвони Экспедитсияи байналхалқии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм оғоз шудааст.
Инак, зимни фаъолияти экспедитсияи мазкур ба бостоншиносон дар соли 1985 дар мавзеи кафтуковҳои археологии Саразм, хусусан, дар ҳафриёти IV дарёфти аввалин қабристон муяссар гардидаасту барои пурра кушодани қабристони мазкур, мувофиқи гуфтаи А.Исҳоқов, бостоншиносон се мавсим, яъне се фасли тобистон, фаъолият варзидаанд. Махсусан, А.Исҳоқов таъкид мекунад, ки ҳангоми соли 1986 қабат ба қабат аз муоина гузаронидани хоки ҳафриёти мазкур деворҳои ду бинои қадимисохт пайдо шудааст. Дар ин бора шарҳи А.Исҳоқов чунин аст: «Баъди ба анҷом расидани ковишҳо, мувофиқи талаби илми бостоншиносӣ барои равшан намудани таркиби хок дар гӯшаи яке аз хонаҳои истиқоматӣ хандақ кофтем. Дар рафти ҳафриёт ба қатори сангҳо дучор шудем, ки онҳо шакли мудаввар дошта, батартиб, ҳалқамонанд, мисли девор чида шуда буданд…
(Давом дорад)
Саидбой Шербоев,
узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДЗТ ба номи С.Улуғзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр