Нашрияи Омӯзгор

Дар меҳвари таваҷҷуҳ 

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Дар замони муосир, ки хатарҳои зиёде ба зиндагии аҳли башар таҳдид мекунад, танҳо он миллату халқиятҳое роҳи наҷот меёбанд, ки худшиносу худогоҳ ҳастанду баҳри пешрафту рушди кишварашон саъю талош мекунанд. Ҳамин аст, ки дар сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба таҳдидҳо ва ошкор намудани ҳадафҳои хушунатомези гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар таълиму тарбияи насли наврас дар заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва маърифатандӯзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Маълум аст, ки таълиму тарбия ба ҳам алоқаи устувор дошта, яке бе дигаре натиҷа намедиҳад. Дар тарбияи насли наврас дар баробари оилаву мактаб, ҳамчунин, ҷомеа нақши муассир дорад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша эҳтироми хешро ба муаллимону аҳли маориф баён дошта, дар пешрафти мамлакат хизмату заҳмати онҳоро таъкид медоранд. Ин таъкид аз як тараф боиси ифтихор мегардаду аз тарафи дигар, масъулияти мо – аҳли маорифро меафзояд. Дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои миллат қарор доштани масъалаи мактабу маориф, таълиму тарбия маҳз бархоста аз ҳамин сиёсат мебошад. Бо назардошти афзоиши табиии аҳолии мамлакат, ҳамасола бунёди мактабҳои нав ва маблағгузорӣ ба ин самт меафзояд.  Мо дар ҳар сафари Пешвои миллат ба минтақаҳои кишвар шоҳиди ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимии ҳозиразамон мегардем. Ҳатто дар дурдасттарин деҳоти мамлакат раванди бо технологияи муосири таълимӣ муҷаҳҳазгардонии мактабҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар баробари ин, боло бурдани сифати таълиму тарбия аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст. Бахусус, эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳаввулоти созандаеро дар самти таълиму тарбияи насли наврас ба вуҷуд оварда, барои боз ҳам беҳтар кардани омӯзиши илмҳои бунёдӣ нақши муҳиме хоҳад гузошт. Мо намунаи чунин таҳаввулотро дар афкор ва муносибати аҳли ҷомеа дар баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хубӣ дидему эҳсос кардем. Бо дастуру пешниҳоди Пешвои миллат таъсис додани китобхонаҳо дар назди ҳар муассисаву коргоҳ мардуми моро аз нав ба китобу китобхонӣ пайванд медиҳаду дар роҳи боло бурдани маърифати ҷомеа нақши муҳиме мегузорад. Маҳз ҳамин озмун боиси ҷалби намояндагони касбу кори гуногун ба китобу китобхонӣ гардид.

Пайравҷон Раҷабов,

муовини директори муассисаи

таҳсилоти умумии №7,

 ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш