Нашрияи Омӯзгор

Нахустин мактаби русӣ 130-сола шуд

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Шоира Дилшоди Барно, ки асири зулми хони Қӯқанд Умархон гаштаву аз сари худ даҳҳо ҷабру ситамро гузаронида буд, дар як шеъраш қайд кардааст. (мазмунан): Омадани русҳо ва забткориҳои  онҳо бо хоҳиши мардум набошад ҳам, кушодани табобатхонаҳо барои аҳолии ҳам таҳҷоӣ ва ҳам русҳо, сохтани роҳи оҳан боиси як қатор пешравиҳо дар ҳаёти халқ гашта буд.

Ҳатто шоира ба воситаи роҳи оҳан ба зодгоҳаш Ӯротеппа (то стансияи Ховост) сафар ҳам кардааст. Ин гуфтаҳои шоира моро водор намуд, бо баъзе ҳуҷҷатҳои дар филиали бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ва навиштаҳои муаррихи маъруф, академик Аҳрор Мухторов шинос шавем. Академик Аҳрор Мухторов ҳанӯз соли 1955 дар мақолаи худ «Ташкилшавии мактабҳои русии пеш аз револютсионӣ дар райони Ӯротеппа» ва китоби «Ҳокимони Ӯротеппа» маълумоти мукаммал дода буданд.

Ёрдамчии сардори уезди Хуҷанд дар Ӯротеппа соли 1882 дар ҳисоботи солонаи худ менависад:

«Имконият ҳаст тахмин кунем, ки дар сурати дар шаҳри Ӯротеппа кушода шудани мактаби русӣ хоҳишмандони дар он таҳсилкунанда ёфт мешаванд»…

Вале ҳукумати подшоҳӣ бо баҳонаи набудани бинои махсус, муаллимон ва маблағ ба кушодани мактаб иҷозат намедиҳад. Неруҳои манфиатхоҳ кӯшиш мекарданд, ки оммаи халқи маҳаллиро дар торикӣ ва ҷаҳолат нигоҳ доранд. Равшанфикрон ба чунин сиёсати ҳукумати подшоҳӣ нигоҳ накарда, кушодани мактабҳои ғайриодӣ, аз ҷумла, мактаби русиро талаб мекарданд. Инро ба инобат гирифта, ёрдамчии сардори уезди Хуҷанд дар Ӯротеппа 18 ноябри соли 1886 ба губернатори ҳарбии вилояти Сирдарё навишта буд, ки халқ кушодани мактаби русиро талаб карда истодааст ва айни муддао мешуд, агар кушодани мактаб тезонида шавад.

Ба ин нома ҳам ҷавоби рад омад. Вале дере нагузашта Ҳукумати подшоҳӣ ба мавҷудияти одамони босавод дар қаламрави генерал – губернатори Туркистон муҳтоҷии худро ҳис намуд. Дар он вақт миқдори котибон ва тарҷумонҳо хеле кам буд ва аксар аз тоторҳои дар Тошканд муқимигашта буданд. Барои бо савдогарони маҳаллӣ, ки борҳои худро ба Русия мебурданд ва ё баръакс борҳои тоҷирони русиро харидорӣ менамуданд, ҳозир будани тарҷумон ҳатмӣ буд. Аз як тараф бойҳои маҳал ҳам ҳис карданд, ки ба онҳо тарҷумон лозим. Тотортарҷумонҳо хизматонаи калон талаб менамуданд, ки ин бойҳои маҳаллиро хуш намеомад.

Аз ин сабаб онҳо аз Пристави Ӯротеппа хоҳиш намуданд, ки мактаби русӣ барои тоҷикон кушоянд. Ҳамаи ин вазъиятро ба назар гирифта, саринспектори омӯзишгоҳҳои кишвари Туркистон маҷбур шуд, ки 14 июли соли 1888 дар бораи аз уезди Хуҷанд ба шаҳри Ӯротеппа кӯчонидани мактаби русӣ – туземӣ (маҳаллӣ) қарор қабул намояд. Машғулият дар ин мактаб аз 1 октябри соли 1888 сар мешавад. Дар рӯзҳои аввал дар машғулият 15 писар (асосан бачагони ашрофон ва ё хизматгорони то 15 - солаи онҳо) иштирок карда буданд. Дар ин мактаб ду нафар аз фарзандони русҳо (яке духтари фелдшери беморхона) майли хондан кардааст. Ба русписар иҷозат дода бошанд ҳам, ба духтари фелдшер генерал – губернатори Туркистон иҷозати бо бачагони маҳаллӣ хонданро надода, ба пансиони шаҳри Тошканд мефиристанд.

Дар асоси сметаи тасдиқкардаи генерал – губернатори Туркистон ба нигоҳ доштани муаллим дар як сол 720 сӯм, ба асбобҳои таълимӣ, сӯзишворӣ, киро намудани хизматгорон ва ба дигар эҳтиёҷот 275 сӯм маблағ ҷудо карда будааст. Баъди дар Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) кушода шудани мактаби русӣ – туземӣ шумораи ҷавонони таҳсилхоҳ афзудан мегирад. Бинобар ин, прис-тави участкаи Ӯротеппа моҳи декабри соли 1888 дар назди мактаби русӣ – туземӣ (маҳаллӣ) кушодани курсҳои шабонаро аз генерал – губернатор хоҳиш намудааст. Талаби ӯ қонеъ мешавад ва ин курсҳо аз 26 январи соли 1889 ба кор шурӯъ мекунанд.

Соли 1900 дар ин мактаби русӣ – туземӣ 24 писарбача таҳсил мекарданд, ки аз онҳо 4 нафарашон фарзандони русҳо буданд. Дар мактаби шабона бошад, 20 ҷавони нисбатан калонсолтар забони русӣ ва ҳуруфоти кириллиро меомӯхтанд.

Ба хотири он ки дар мактабҳо фарзандон ва ё гумоштагони бойҳо таҳсил мекарданд, тарғиби зидди мактабии рӯҳониёни маҳал он қадар қувваи таъсирбахш надошт. Муҳлати таҳсил дар мактаб 3 сол буд. Шумораи хонандагон аз ҳисоби аҳолӣ низ меафзуд. Ба хотири ҳурмати диндорон дар мактаби русӣ бидуни муаллими рус боз як нафар муллои маҳаллӣ низ нигоҳ дошта мешуд, ки дар нимаи дуюми рӯз ба талабагон қонунҳои шариатро меомӯзонд.

Умуман, программаи таълим ба синну соли хонандагон мувофиқ набуд. Дар се соли таҳсил на ҳамаи хонандагон донишҳои худро пурра гирифта метавонистанд. Дар натиҷа на ҳар яки онҳо озодона ба забони русӣ гуфтугӯ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷиҳати прогрессивии мактаби русӣ – туземӣ дар он буд, ки ҷавонон каме ҳам бошад, соҳиби хату савод мегаштанд ва ба адабиёти рус шинос мешуданд.

Ба хотири афзудани сафи доништалабон соли 1904 дар Ӯротеппа омӯзишгоҳ барои ҷавонони маҳаллӣ кушода мешавад, аммо ин ба маъмурияти подшоҳӣ маъқул набуд. Онҳо намехостанд ҷавонони тоҷик соҳиби хату саводи кофӣ бошанд. Зеро дар ин солҳо дар Русияи подшоҳӣ ҳаракатҳои инқилобӣ сар шуда буданд. Онҳо намехостанд, ки ҳаракатҳои инқилобӣ дар сарзамини Туркистон лона гузоранд.

Мактабу омӯзишгоҳи дар Ӯротеппа амалкунанда дар омӯзиши забони русӣ, шиносоӣ бо адабиёт ва маданияти халқи рус кумак расонид. Ҳатто адабиётҳои марксистӣ низ паҳн гашта буданд, ки исботи инро дар далели аз Ӯротеппа дарёфт гаштани газетаи «Искра» (шумораи аввали он) мебинем.

Дар солҳои аввали Инқилоби Октябр нахус-тин мактабҳои шакли нав бештар дар гузарҳо, дар ҳавлиҳои бойҳои маҳаллӣ фаъолият доштанд. Ҳанӯз соли 1918 моҳи июн дар Ӯротеппа комиссариати маориф (имрӯза шуъбаи маориф) ташкил меёбад ва барои кушодани мактабҳо барои хурдсолон ва мактабҳои маҳви бесаводӣ барои калонсолон кор мебарад.

Ҳангоми омӯхтани ҳуҷҷатҳои дар филиалаи бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан бо ҳуҷҷате вохӯрдем, ки он маърӯзаи хаттии мудири шуъбаи маорифи Ӯротеппа ба кумитаи иҷроияи ноҳия аз 13 январи соли 1919 будааст ва ин мазмун.

«Декрети комиссари маориф аз моҳи сентябр дар Ӯротеппа мувофиқи нишондод ба ҳаёт ҷорӣ карда шудааст, яъне ду мактаби мавҷуда ба қадри хеле кам талаботи меҳнатиашонро қонеъ мегардонид. Бинобар ин, моҳи октябр дар шаҳри Ӯротеппа ба таври илова 6 мактаб кушода шуд ва дар он 315 нафар писарону духтарон таҳсил мекунанд. Маблағи ҷудокардаи Комиссариати маорифро танҳо ба корҳои хеле муҳим, аз ҷумла барои хариди доска (тахтаи синф) ва мизу курсӣ сарф намуда истодаем.

Дар назди шуъбаи маорифи халқии шаҳр барои кӯдакони бепарастор ва камбағал интернат ташкил карда шудааст. 5000 сӯм маблағи ба ин мақсад ҷудокардаи комиҷроия то имрӯз сарф карда шуд. Инчунин, барои муаллимон курсҳои омӯзиш ташкил кардем.

Камбудии асосӣ набудани бино ва асбобҳои аёнӣ мебошад. Аз ин лиҳоз хоҳишмандем, барои дарёфтани биноҳо барои мактаб ёрии амалӣ расонед. Умуман, корҳои маорифи халқ нисбат ба солҳои пешин хуб ба роҳ монда шудааст ва муаллимон бо методи нав дарс дода истодаанд. Баробари ин, боз фанҳои нави табиатшиносӣ, гимнастика (варзиш) ва суруд ҷорӣ карда шуд».

Мудири маорифи халқ:                (имзо)

Ном ва насаби мудири дар ин ҳуҷҷат имзокарда муайян нест.

Ин ҳуҷҷати нодир шаҳодати он аст, ки ҳанӯз солҳои 1917 – 1918 дар Ӯротеппа мактабҳои нахустин бевосита дар гузарҳои Тал, Масҷиди сафед, Дарвозаи боло, Туркон, Олкорон, Хосабофон, Ҳавзи морон… ташкил ёфта будааст ва таълим аз рӯи методҳои муайянкардаи комиссариати маориф гузаронида мешудааст.

Ин гуна мактабҳо одатан дар собиқ ҳавлиҳои бойҳои маҳаллӣ ҷой дода мешуданд ва барои таҳсил бештар фарзандони камбағалонро ҷалб мекарданд. Барои калонсолон дар клубу чойхонаҳои сурх курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил карда шуда буданд.

Аввалин омӯзгорон, машъалафрӯзони давраи аввали Инқилоби Октябр Саъдулло Холмуҳам-мадов, Баҳриддин Азизӣ, Ноил Шерзода, Додобой Дӯстмуҳаммадов, Ёқуб Боқиев, Маҳкам Юлдошев, Ҳабибулло Неъматуллоев ва чанде дигар буданд. Омӯзгор Ҳабибулло Неъматуллоев то ба мансаби вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон расида буданд.

 

Сайфулло Маҳкамов,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш