Агар умр вафо мекард, доктори илмҳои геологияю минералогия, профессори факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, равоншод Мадатбек Тоҷибеков 70-сола мешуд.
Ӯ зодаи ноҳияи Ванҷ буда, соли 1971 баъд аз хатми факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) дар кафедраи минералогия ва петрографияи ҳамин донишгоҳ ҳамчун коромӯз-тадқиқотчӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Аз соли 1972 дар шуъбаи неотектоника ва сейсмотектоникаи Институти геологии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба ҳайси лаборанти калон (1972-1973), сипас, корманди хурди илмӣ (1973-1986), корманди илмӣ (1986-1989) ва ходими калони илмӣ (1989-1992) фаъолият намудааст.
Соли 1984 аспирантураи Пажӯҳишгоҳи геологияи АИ ҶТ-ро хатм намуда, дар шаҳри Бишкек таълифи рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Мавзеи Ҳисору Олой дар марҳилаи нави инкишофи геологӣ» зери роҳбарии профессор М.М.Кухтиков ва ходими калони Институти геологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.М.Лисков ба анҷом расонид. Соли 1992 дар ДДТ ҳамчун дотсенти кафедраи геология ва палеонтология фаъолияти худро ба роҳ монда, сипас, ба ҳайси декани факултаи геология (2008-2009), мудири кафедраи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок (2010-2012), профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ифои вазифа намуд.
Соли 2007 дар шаҳри Алмаато таҳти роҳбарии профессор Г.П.Винниченко дар мавзӯи «Қонуниятҳои асосии сохти геологӣ ва таърихи пайдоиши пастхамиҳои дохиликӯҳии Ҷанубу Шарқии Осиёи Миёна дар марҳилаи нави инкишофи геологӣ» рисолаи докториро дифоъ менамояд. Аз нуқтаи назари геологию муҳандисӣ мавриди омӯзиш қарор додан ва асоснок намудани мавзеи сохтмони НОБ-и «Роғун» ва нақби «Чормағзак» ояндабинӣ, пешгӯӣ ва кофтукови маъдани тилло дар ҷинсҳои пайдоиши аллювиалӣ доштаи мавзеъҳои Муъминобод ва Ёхсу мисоли яке аз муваффақиятҳои корҳои илмии ӯ мебошад. Дар асарҳои илмии ӯ бештар ба масъалаҳои геологияи регионалӣ, неотектоника, геоморфология, геологияи давраи чаҳорум, геологияи муҳандисӣ, палеосейсмодислокатсияҳо, сейсмотектоника ва конҳои канданиҳои фоиданоке, ки ба эраи мезозою кайнозой тааллуқ доранд ва бурриши эрозионӣ ва денудатсионии минтақаҳои Тёншони Ҷанубӣ, геологияи муҳандисӣ, геологияи минтақавӣ, гидрогеология ва геоморфологияи ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Ҳисору Олою Помир ва ғайра диққат дода мешавад. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷалла, рӯзнома ва маҷмӯаҳои илмию оммавӣ ба табъ расонидааст.
М.Тоҷибеков иштирокдори чандин симпозиуму конфронси байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад. 4 монография ва чандин мақолаи ӯ дар дохил ва дар хориҷи кишвар рӯи чоп омадаанд. Дар маҷмӯъ, корҳои илмию методияш зиёда аз 220 номгӯйро ташкил медиҳад. Мавсуф ба сифати сарходими калони илмӣ дар баррасии мавзӯоти илмӣ-тадқиқотии Институти геологияи АИ ҶТ низ ширкати фаъол меварзид. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.
М. Тоҷибеков дар ҷодаи корҳои илмӣ-методӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоти ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008-2009), Институти геологияи АИ ҶТ (1988-1992) ва ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2009) буд. Солҳо боз иҷрои вазифаи котиби илмии Шӯрои махсуси диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (1988-1992) аз ихтисоси 04.00.04 – «Геотектоника»-ро дар назди Институти геологияи АИ ҶТ ба уҳда дошт. Аз соли 2011 узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника буд.
Дар баробари олими намоён ва омӯзгори сатҳи баланд буданаш Мадатбек Тоҷибеков инсони хоксору ҳалим низ буд.
Сад афсӯс, ки ӯ дар айни камолоти умр аз байни мо рафт, аммо хотираи некаш аз қалбҳои дӯстону пайвандон зудуда нахоҳад шуд.
Ҷивоншо ФОЗИЛОВ,
Бахшидод АЛИДОДОВ,
дотсентони факултаи
геологияи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр