Бо мақсади ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намудани хонандагон, фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдод, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетикӣ ва ҳавасманд намудани ҳунармандони наврасу боистеъдод бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар толори хонаи маданияти ноҳия озмуни «Маликаи наврӯзӣ» доир гардид. Озмун аз рӯи панҷ шарт гузаронида шуд:
- баҳодиҳӣ аз рӯи ҳусни зебо, қади расо, гесуи дароз,
- қироати шеър дар васфи Наврӯз,
- истеъдоди ман,
- намуди рақсҳои аҷдодӣ,
- базми гулҳо.
Духтарон ҳунару маҳорати худро дар саҳна намоиш доданд.
Нилуфар Носирова,
ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр