Нашрияи Омӯзгор

Ҷумлачинӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

(Устоди собиқадори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, услубшиноси варзида, муаллифи беш аз 10 китоб ва 150 мақолаи илмию дастурӣ, инсони наҷиб ва маърифатгустар Ҳотам Саидов 80-сола шуд)

Фасли баҳор, фасле, ки «ҷаҳон аз мақдамаш пурзебу фар» бишаваду «замин ба тан хилъати урдубиҳиштӣ бикашад», фасле, ки «аз қадамҳояш ҳама гул мекунад», фасле, ки «лола доғу гул гиребончоку булбул навҳагар аст», фаро расида буд. Ману дӯсти донишмандам Бахтиёри Абдураҳим дар назди чойхонаи «Роҳат»-и пойтахти кишвар ба устод Ҳотам Саидов вохӯрдем.

-«Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб!», - баробари дидани мо нидо дардод устод.

Дар посух гуфтам:

-Аз ин навгонӣ, ба назарам, мо пештар аз шумо огаҳ шудаем, ки ҳамин ҳоло ба ин муносибат дар чойхонаи «Роҳат» хеле роҳат кардем.

Устод қоҳ-қоҳ хандид ва як навъ таънаомез гуфт:

-Эҳ, ҷавонмардҳои саҳлангору танбал! Магар баҳорро дар  оғӯши шаҳр таҷлил мекунанд? Аз китоб дар бораи зебоӣ маълумот гирифтанро монад ин амал. Мани куҳансол бо ёдкардаи фармудаи Сайидо- «Бо қомати хамида равам сӯи бӯстон, Наззораи бунафшаву райҳон  ғанимат аст» ду рӯз пеш бори сеюм дар ин сол ба тамошои дашту саҳро рафтаму шумо ба ҳамин нерую тану тӯш дар курсии оҳании «Роҳат» миён химча мекунед! Гап якто; субҳи фардо бору бунаатонро бандед, дур не, ба пуштаҳои Ҳисор меравем, ман ба шумо нишон медиҳам баҳорро, Наврӯзро!

Рӯзи дигар бо мошини Бахтиёр ҳар се озими Ҳисор шудем бо азми тамошои деҳаи Нилу ва манзараҳои атрофи он. Ин деҳа зодгоҳи устод Ҳотам Саидов аст, рустоест дар домани  пуштаҳо ва хеле-хеле назаррабо.

Раҳ ба раҳ бо ишора ба дарахтони сарсабзу хилъати гул ба тан, ба киштзорони пурсабза, ба доманакӯҳҳои гулрез ва ба қитъа-қитъа лолазор устод ба мо хитоб мекард:

-Ана, баҳор! Ана, баҳор, «Роҳат»-парастҳо!

Ёдам омад хитобаи шоире: «Бикшо даричаҳоро, дар кӯчаҳо баҳор аст». Мо, инак, даричаҳоро кушодаву баҳори воқеии солро дарёфтаву зери наззора гирифта будему лаззат мебурдем…

Ба рустои Чангоби дараи Алмосӣ расида, ба самти чап гаштем. Дар идомаи роҳ мошин танҳо ба баландӣ ҳаракат мекард бо роҳи пурпечутоби домани пуштаҳо. Пас аз якчанд гардиш ба ҳамвории андаке расидему бо ишораи устод Бахтиёр тормузи мошинро пахш кард. Берун шудем аз мошин. Дар зер, дар косагии вусъатманди домани пушта деҳаи Нилу ба назар расида, бо намои чамангунааш бинандаро мафтун мекард.

Хеле наззора кардем ин нозанинрустои кӯҳистони тоҷикро. Баъд ману Бахтиёр беихтиёр худро ба оғӯши сабзазори атроф задем. Чодари паҳни алафҳоро гулҳои рангоранг нақшбандӣ карда буданд. Бештар гули зарди наврӯз ба назар менамуд. Бо ҳавас даста-даста гул чидем ва рӯи сабзазор ғелидем. Шабнами гулу сабзаҳо либосамонро шакарнам карда буд, вале парвое набуд моро аз ин. Ёдам омад шеъри машҳуру ҳасратбори устод Лоиқ: «Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам, Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам». Воқеан, ману Бахтиёр ин дам кӯдакони гулгардони русторо мемондем. Шавқу сурурамон интиҳо надошт…

Устод Ҳотам Саидов назди мошин рӯи тахтасанге нишаста, дафтарчае дар сари зону чизе менавишт ва ҳар гоҳ сар бардошта, ба мо менигаристу бо табассум чизе мегуфт, яқин, ҳамоно такрор мекард:-Ана, баҳор! Ана, баҳор!

Ниҳоят, мо дастагулҳо дар бағал фараҳманду болидарӯҳ ба назди устод баргаштем. Ӯ дар ҳамин ҳолату дар ҳамин мавзеъ моро бо фарорасии баҳор, бо ҷашни Наврӯз табрик гуфту хоҳиш кард, ки барояш аз баҳорияҳои шоирон чанд қитъа бихонем. Ман чун шогирди фаъол даст бардошта, дарзамон пораеро аз шеъри «Омад баҳори хуррам»-и устод Рӯдакӣ азёд гуфтам. Дӯсту устоди солманди мо бо диққат шеърро гӯш карду дар охир лутф бинмуд:

-Боз маҳалгароӣ шуд! Муродӣ ки аз  Панҷекат аст, аз Рӯдакии ҳамшаҳрияш хонд…

Пас андаке хомӯш ба гулҳои дасти мо нигариста, суханашро идома бахшид:

- Аслан, тамоман мантиқӣ ва аз рӯи адолат бувад, ки ситоиши баҳорро бо шеъри устод Рӯдакӣ оғоз бубахшем. Баҳори адабиёти тоҷик низ бо шеъри ин пири равшанзамир оғоз меёбад. Ба назарам, то имрӯз касе аз шоирон дар сатҳи устод Рӯдакӣ дар ситоиши баҳор чизе нагуфтааст. Ман ҳамин шабу рӯз иншои рисолаи методиеро бо номи «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мактаб» ба поён расондам ва бори дигар ба дунёи шеъри устод ворид гашта, аз неруи сухани ӯ дар ҳайрат мондам, ба ҳусни каломаш мафтун шудам ва ин қитъаро ба забон овардам:

Дуруд бар Панҷрӯди рӯдакизод,

Ки  бар шеъри дарӣ болу паре дод!

Падар дар маъниву лафзу баён шуд,

Зи шеъраш миллате соҳибзабон шуд.

Устод Ҳотам Саидов рӯй ба Бахтиёр овард, мазмун: навбати ту. Бахтиёр, ки зодаи ноҳияи Рӯдакист, то «муҳри маҳалпарастӣ ба номаш зада нашавад», бо иқрори он ки «нахуст нияти хондани шеъри «Бихандад лола дар саҳро»-и устод Рӯдакиро дошт», аз рубоиёти тароватбори Хайёми бузургвор дар васфи баҳор чанде тараннум кард, ки якеаш ин буд:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,

Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Устод ба Бахтиёр офарин хонду аз нав инони сухан ба даст гирифт:

- Ин ҷо дар пайравии шумо шеър нахондан норавост. Ман ҳам чун Муродӣ «маҳалчигӣ» мекунам, вале «маҳалчигӣ» - и ман як навъ табиист. Ҳӯ-ӯ, ба сари пушта нигоҳ кунед. Дидед рамаи бузу гӯсфандонро? Чӣ қадар зебост, чӣ қадар муассир! Акнун худ бигӯед, ки дар чунин маврид аз устод Турсунзода шеър нахонда, аз кӣ хонам?!

Чӯпон ба сари кӯҳу чаридан рама дорад,

Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад.

Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ

Дар панҷаи бод асту давидан рама

дорад…

Ишқу ҳаваси дидани ин манзари зебо

Ман дораму ту дориву дидан ҳама

дорад.

Мо ба лутфи сухан, ба мавридшиносӣ, ба шеърдонию лаҳни дилнавози устод қоил шудем ва дастае аз гулҳои чидаамонро тақдимаш кардем.

Устод мамнуну мафтун буд, табассум аз лабонаш канда намешуд, чашмонаш медурахшиданд. Мо гуфтем, ки устод, шумо хушбахтед, ки дар чунин мавзеи  биҳиштосо ба дунё омадаву ба камол расидед. Ӯ  ҷавобамон дод, ки замони мактабхонӣ дар китоби дарсиамон байти хитобгунае буд ба ин зайл: «Аҷаб зебо, дилкушо Баҳори Тоҷикистон!» Дар ҳақиқат, на танҳо деҳаи мо, балки тамоми Тоҷикистони азиз зебову дилкушост. Шоир барҳақ гуфтааст: «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!»

Алқисса, он рӯз дар домани пургулу накҳатбори пуштаи баҳорӣ хони суҳбат оростем, сухан аз баҳору Наврӯз, зебоиву тароват, назокату малоҳат, шеъру адабиёт ба миён овардем, чашмонро аз манзараҳои марғуб об додем, лабонро табассумобод кардем, аз ҳавои софу муаттар сина пурсафо бинмудем, аз кӯдакию наврасию гулчинӣ ёд овардем ва  рӯзеро ба сар бурдем, ки бо нишоту муҳтавояш «тӯлонитар аз қарн» буд.

Дар фарҷоми ин маҳфили бадоҳатан оростаамон Бахтиёр аз устод суол кард:

-Воқеан, чун мо дар паҳнои сабзазор давутоз доштем, шумо сари зону чизе менавиштед. Махфӣ набошад…

Устод боз ҳам бо табассум ва лутфомез гуфт:

-Аз гулчинии шумо илҳом дарёфта, ман ба ҷумлачинӣ пардохтам. Фардо бо  шогирдонам дар Донишгоҳи омӯзгорӣ як дарси баҳорӣ хоҳам орост аз фанни забони тоҷикӣ. Ҳам шеърҳо хоҳем хонд, ҳам ҷумлаҳо таҳия хоҳем сохт ва таҳлил хоҳем кард. Шеърҳову ҷумлаҳо дар мадҳу ситоиши баҳору Наврӯз бояд бошанд. Ҷумлаҳои ин ҷо нигоштаи ман он ҷо ба кор хоҳанд омад, якеашро бароятон чун ширинкома мехонам:

«Ду ҷавонмарди озода аз домани шаҳр берун ҷаста, ба домани пургули деҳот расиданд ва доман-доман гул чидаву нидо дардоданд:

Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ,

Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ!»

Ману Бахтиёр хандидему кафкӯбӣ кардем: «Аҳсант, устод, дастатон дард набинад!»

Бо даъвати устод ба нозаниндеҳаи Нилу ворид гаштему дар ҳавлие, ки айёми кӯдакию наврасияшро он ҷо ба сар бурдааст, як пиёла чой нӯшидем, идомаи суҳбат кардем ва ниҳоят, ба бозгашт азм бинмудем.  Дар роҳ то ба Душанбе устод боз чандин маротиб бо мушоҳидаи манзараҳои баҳор такрор кард:

-Ана, баҳор! Ана, баҳор!

Ҳатто, ду маротиба аз Бахтиёр хоҳиш кард, ки мошинро боздорад, то гулистону лолазор ва дарахтони шукуфарезро аз наздик тамошо кунем:

- Ба чунин эъҷози баҳор аз паси шишаи мошин нигаристан гуноҳ!

Чун ба пойтахт наздик омадем,  устод аз кисааш дафтарчаашро берун кашида, боз ба навиштан пардохт, яқин, «ҷумлачинӣ»  мекард…

Ин саргузашти мо, сенафарон, ҳашт сол пеш аз ин ба вуқӯъ пайваста  буд. Инак, боз фасли баҳор фаро расида. Ҳафтае пеш устод Ҳотам Саидов ба ман занг зад:

-Муродӣ, «омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб!» Боз бо Бахтиёр дар чойхонаи «Роҳат» набошӣ?! Ҳар ду ба назди ман оед, як маслиҳат ҳаст; аз шаҳр берун бояд рафт!

Абдурауф Муродӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш