Нашрияи Омӯзгор

Рисолати олим

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори соҳибтаҷриба ва олими нуктасанҷи соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, устод Искандар Чиллаев  новобаста ба он ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тӯли солиёни зиёд сарварии сохторҳои марказии Ҳизби коммунистӣ, кумитаҳои ноҳиявии он ва хоҷагиҳои кишоварзиро ба уҳда дошт, вобаста ба дигаргуниҳои рукнҳои иқтисодии ҷомеа, ба миён омадани шаклҳои гуногуни моликият дар ҷомеаи навини Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба рисолати азалии хеш-дар хидмати халқ будан дигар накард. Баръакс, бо расидани Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ, бо тамоми неру, таҷриба ва дониши андухта баҳри рушду нумуӯи ҷумҳурӣ камари ҳиммат баст ва ба ҳайси масъули Кумитаи давлатии ислоҳоти замин, таъминоти шарт-номавии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори кулли Иттиҳодияи истеҳсолӣ - кирмакпарварии «Тоҷикабрешим» дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҳиссагузор шуд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти муҳиммияти се унсури таъсиргузори иқтисоди кишвар барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ: таҳкимбахшии мақоми соҳибкорӣ, вусъат додани усули рушди инноватсионии иқтисоди мамлакат ва саноатикунонии босуръат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегии ҷумҳурӣ эълом гардидааст, ба таҳқиқоти амиқ ва ҳамаҷонибаи онҳо пардохт. Асари «Рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти он», 2 рисолаи илмӣ, 35 барномаи таълимӣ, методӣ ва беш аз 50 мақолаи илмӣ, публитсистӣ-оммавӣ маҳсули устод дар ин ҷода мебошад.

Искандар Чиллаев дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҳамзамон, тибқи қарордоди меҳнатӣ вазифаи ходими калони шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-ро бар дӯш дорад.

Ширкати устод дар кулли ҳамоишҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ шоистаи таҳсин мебошад. Ҷои қаноатмандӣ ва сипосгузорист, ки роҷеъ ба масъалаҳои маърӯзаи устод “Сармоя ва истифодаи самараноки он дар раванди саноатикунонии Тоҷикистон” дар миёни ширкатдорони конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (25-26 октябри соли 2019) баҳсу мунозираҳои муфид сурат гирифтанд. Ва ин комилан як амри табиист, зеро ки дар он  масоили мубрами раванди саноатикунонии босуръати мамлакат:

- роҳҳои вусъатбахшӣ ва устуворсозии иқтидори истеҳсолӣ;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир;

- баромадан ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти ватанӣ;

- рушди инноватсионии иқтисоди кишвар ва дар ин раванд бештар намудани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаҳои муҳимтарини саноат;

- таъмини гуногунсамтии содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди таҳлил қарор гирифта буданд.

Махсусан, таъкиди устод роҷеъ ба он ки дар ҷаҳони муосир хӯҷаини вазъият на он мамлакатҳое мебошанд, ки захираҳои бойи табиӣ ва ё ашёи хом доранд, балки он мамлакатҳое мешаванд, ки дорои технологияҳои пешқадам ва истеҳсолоти дар асоси илм такмилёфта мебошанд, барои аҳли ҳамоиши илмии мазкур басе муассир буд.

 Аз нигоҳи дурбинонаи устод барои саноаткунонии Тоҷикистон муҳимтарин вазифа аз он иборат аст, ки саноатчиёни мамлакат ба ҷойи амсилаи афзоиши содиротӣ-ашёӣ, бояд амсилаи таъминкунандаи рақобатпазирӣ – рушди индустриалӣ-аграриро рӯйи кор гиранд.

Мукофоти зиёди давлатӣ доранд устод. Азму талошҳои Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Искандар Чиллаев бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, медалҳои “Барои меҳнати пурсамар”, “Барои ҳифзи сарҳади давлатии ИҶШС”, «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», орденҳои “Байрақи сурхи меҳнат” ва “Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.

Ба андешаи банда, беҳтарин мукофоти амал барои заҳматҳои устод, ин эътирофи он кас ҳамчун роҳбари кордону ғамхор аз ҷониби ҳамкорон, олими саршинос аз ҷониби аҳли илм ва омӯзгори ғамхор аз ҷониби шогирдон маҳсуб меёбад. Устод, воқеан ҳам, соҳибэҳтиром аст.

Ба ҷойи охирсухан.

Вақте ки мавод барои нашр омода мегардид, мо дарёфтем, ки устод Искандар Чиллаев қадам ба синни пурбаракати 80 гузоштаанд.

Устодро сидқан табрик намуда, мегӯем: зиҳӣ, устоде, ки сол хӯрдаанд, на сол эшонро!

Савлатшоҳи ХОВАРӢ,

мудири шуъбаи Муассисаи

давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш