Нашрияи Омӯзгор

Тароватбахши ҳаёт

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ҳамоиши идонаи аҳли маорифи вилоят баргузор гардид. Таъкид гардид, ки  дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, фурӯзонгари  чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони озмунҳои «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон», омӯзгорону мураббиҳои навовару пешқадам бо ифтихорномаю сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

Абдусабур Абдуваҳҳобов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш