Нашрияи Омӯзгор

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Пешаварон зотан мардуми поку покизакоранд ва ба ҳар буду набуди хеш шукрона карда, ҳамеша хизмати мардумро адо менамоянд. Ғаму шодиро бо ҳам мебинанду хонаободӣ таманно мекунанд.

Дар яке аз шабҳои даймоҳ хонадони амаки Раҷаббой бо садои ширину ҷонбахши тифлаки зебо ҳусни тозаву таровати беандозае ёфт. Аҳли хонавода ҳамдигарро табрик ва бамурод дуо мекарданд, ки Худои бузург ба ин тифлаки зебо умри дарозу тани сиҳату дили беғаму ризқу рӯзии фаровон ато фармояд. Номашро Каромат гузоштанд, то аз каромату бузургӣ ҳамеша бархӯрдор бошад.

Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд… Каромат духтарчаи хушзеҳне буд ва дар ҳама корҳои модар  ёрӣ мерасонид. Чун ҳафтсола шуд, ба дасташ китобу қаламу дафтар дода, ба мактабаш бурданд ва ба устодаш супурданд. Таҳсил дар мактаби миёна чашми ӯро барои шинохти оламу одам кушод ва ӯ омӯзгориро барои худ ҳамчун пешаи оянда интихоб кард. Аз ин рӯ, таҳсилро дар омӯзишгоҳи педагогӣ давом дода, онро соли 1968 бомуваффақият хатм намуд. Пас аз ин дар Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил карда, сазовори номи муаллими синфҳои ибтидоӣ гардид.

Бояд гуфт, ки нақши муаллими синфҳои ибтидоӣ дар рушду ташаккули зеҳнӣ ва дарки воқеии раванди донишомӯзии хонандагон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Худо нахоста, агар дар ин зина айбе рух диҳад ва он айб бавижа, аз камбудии муаллим бархоста бошад, бори вазнини пайомади онро дигарон хоҳанд кашид, ки мисолаш дар таҷрибаи мо хеле зиёд аст. 

Дониши назариявии фаровон ва воқеияти ҳаёт ба Каромат Раҷабова имкон дод, ки илмро ба амалия тавъам  сохта, хулоса ва таҷоруби корро гирдоварӣ карда, сатҳи камолоти касбӣ ва маънавии хешро баланд бардорад. Дере нагузашту муаллима дар вилоят ҳамчун муаллима ва коршиноси зинаи ибтидоии таҳсилот ё худ,  муаллим-методисти синфҳои ибтидоӣ ном ва эътибор пайдо кард. Барои ҳамкорону ҳамкасбон ва кормандони ҷавон маслиҳату дастурро дареғ надошта, мактаби таҷрибаи шахсӣ ва касбиро барои дигарон муаррифӣ мекард. Қобилият ва маҳорати кордонии ӯро ба эътибор гирифта, ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон  даъваташ намуданд. Дар донишкадаи мазкур ба шунавандагон ва омӯзандагон доир ба тарзи ташкили дурусту самараноки ҷараёни дарс ҳамчун омили асосӣ ва муҳимми таъмини сифату кайфияти дониш, баланд бардоштани завқи омӯзиш, кӯшиши фаъолияти мустақилонаю эҷодкорӣ маслиҳату дастурҳои муфид медод.

Мавзӯи инкишофи нутқ, афзун намудани захираи луғавӣ дар заминаи маводи дастрас ва зиндагии воқеӣ, покии гуфтор ва ҳусни рафтор аз масоили аслие ба шумор мераванд, ки муаллима дар фаъолияти пурсамари хеш мавриди назар ва омӯзиш қарор дода, роҷеъ ба онҳо дар ҳамгироӣ бо тарбияи суннатӣ ва тақозои замони муосир фикру андеша ба бардоштҳои илмию амалии хешро пешорӯйи аҳли ниёз гузоштааст. Соли 1981 таҷрибаи кори муаллима мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби мутахассисон ва олимони соҳа дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори баҳои баланд гардид. Доир ба таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳа муаллима мақолаҳои илмию методӣ навишта, дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расонидааст.

Гузашта аз ин, номбурда дар хонишҳои педагогӣ ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ ширкат намуда, доир ба роҳҳои такмили омӯзиши забону адабиёти тоҷик ва махсусан, рушду инкишофи нутқи мураттаби хонандагони синфҳои ибтидоӣ суҳбатҳо намудааст.

Каромат Раҷабова ҳамеша дар пайи ковишҳои эҷодӣ буда, андеша ва хулосаҳои илмию амалиро доир ба роҳҳои такмили шароити таҳсилот ва сифати омӯзиш ҳамеша пешорӯйи ҳамкасбон мегузорад. Бо ёфта қаноат накарда, дар пайи ёфтани роҳу равиш ва андешаи тозае ба манфиати кор пайваста саъй ва талош меварзад. Тавре ки гуфтаанд:

Қонеъ нашавӣ, аз он чӣ ёбӣ,

Аз хуб ба хубтар шитобӣ.

Мақолаҳояш пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои сатҳи гуногун дарҷ гардида, дастуру пешниҳодҳояш чун васоити гиреҳкушо дар хизмати аҳли маориф қарор доранд.

Муаллима ба тарбия ва парвариши насли омӯзгорони ҷавон диққати махсус дода, барои ба муваффақияту комёбӣ расидани онҳо ёрии беғаразонаи худро дареғ намедорад ва назди эшон сазовори номи баланди устод гардидааст.

Гуфтаанд, ки ҳама гуна аъмоли нек баҳои ибодатро дорад ва бавижа, омӯзишу парвариш, ки барои мардум анҷом дода шуда бошад.

Имсол муаллима ба синни мубораки 70 мерасад. Барояш сарбаландию некбахтӣ таманно мекунем. 

Муҳаммад Лутфуллозода,

академик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш