Нашрияи Омӯзгор

Шунидан кай бувад монанди дидан

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

 Хайру эҳсон ва расонидани кумак ба муҳтоҷон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Умед аст, ки он минбаъд низ идомаву густариш меёбад ва миёни мардум хайрхоҳӣ ва дастгирии ҳамдигар боз ҳам бештар мегардад. Накукорӣ ва хайру сахо хислатҳои инсонҳои дарёдил, баинсофу хайрандеш ва боҳиммат аст.

Имрӯзҳо баъзе аз наврасону ҷавонон аз рӯйи ҳавою ҳавас ба сигоркашӣ, қалёндудкунӣ машғул мешаванд, ки аксаран сабабҳои худро дорад. Рафиқонаш дуд мекунанд ва гӯё лаззат мебаранд. Сустиродагии наврас сабаб мешаваду ӯ низ ба рафиқонаш пайравӣ мекунад. Баъд дигарон пайравӣ мекунанд. Агар бачае ҳамроҳ нашавад, ӯро “тарсу” гӯён масхара мекунанд. Ӯ бошад, гӯё шарафи худро боло дошта, аз пайи ин гуна рафиқонаш меравад. Ин зинаҳои аввалини даст задан ба нашъамандӣ ва дигар аъмоли ношоиста аст.

Ман чанде пеш дар синфи 6а дар мавзӯи “ Нашъамандӣ - вабои аср” соати тарбиявӣ гузаронидам. Ба хонандагон қаблан супориш дода будам, ки оид ба ҳамин мавзӯъ мавод ҷамъ кунанд. Ҳамчунин, ба хонандагон дар мавзӯи кирдори нохуб ва оқибатҳои он (то ба ҷиноят даст задан) сухан гуфтам. Хонандагон фикру андешаашонро оид ба ин мавзӯъ баён намуданд. Эссеҳои навиштаи худро хонданд, расмҳоеро, ки ба ҳамин мавзӯъ дахл доштанд, нишон додаву тавзеҳ бахшиданд. Тасмим гирифтем, ки аҳли синф бо розигии маъмурияти гимназия ба хонаи маъюбон равем. Директори гимназия И.Исоев моро дастгирӣ карданд. Мо пас аз огоҳ кардани волидони хонандагон ба сӯи хонаи маъюбони мавзеи “Чорбоғ” раҳсипор шудем. Он дар як мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир будааст. Моро муовини сардухтур пешвоз гирифта, бо тартиботи хонаи маъюбон шинос намуд.

Маркази миллии тавон-бахшӣ барои кӯдакон ва наврасони “Чорбоғ”ба ниёзмандон хизмат мерасонад. Дар ин ҷо бачагони аз 6 то 18 - сола ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд. Як қисми бошандагон норасоии рӯҳӣ ва нутқи инкишофнаёфта доранд. Бо онҳо дефектологҳо ва логопедҳо машғулиятҳои алоҳида мегузаронанд. Аксари бошандагон, аз рӯи нақли табиб, тадриҷан соҳиби нутқи бурро гардидаанд, ки ин хизмати мутахассисон - дефектолог ва логопедҳо мебошад.

Бошандагон бо ҳама шароити лозима-ҷойи хоб, либос, се вақт хӯроки гарму серғизо ва хизматрасониҳои иҷтимою тиббӣ таъмин мебошанд. Барои боз ҳам таҳким ва густариш ёфтани хизматрасониҳои иҷтимоӣ маблағгузориҳои давлат ба ин мақсад пайваста меафзояд.

Мо аз паси роҳбалад аз як утоқ ба утоқи дигар ворид мешудем. Табиб ба хонандагон фаҳмонд, ки аксбардорӣ накунанд, бе иҷозати духтур ба беморон чизе надиҳанд, баланд гап назананд, беҳуда наханданд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки каме бошад ҳам, рӯҳи онҳоро болида гардонем. Беморхона аз ҳуҷраҳои бисёри алоҳида иборат буда, дар ҳар ҳуҷра ду - се бемор зиндагонӣ мекунанд. Ба ҳуҷраи якум ворид шудем. Ин ҷо писарбачагон буданд. Моро дида чунон хурсанд шуданд, ки беихтиёр ашк аз чашмонамон ҷорӣ шуд. Мутасаддиёни ба онҳо вобасташуда хеле муомилаи хуб доштанд. Дар ҳуҷраи дигар духтарон буданд. Мураббии ин хуҷра моро бо бошандагонаш шинос кард. Зайнаб дар каноре хомӯш нишаста буд. «Бо Зайнаб ба забони русӣ гуфтугӯ кунед. Ӯ ин забонро хеле дӯст медорад», - хоҳиш карданд аз мо. Марҳабо, Ноҳид, Дилбар бо ӯ каме суҳбат карданд. Вақте ки аз ҳуҷра баромадем, Содиқҷон ном писарбачаи тахминан 7- 8 - сола дар роҳрав чунон бо хурсандӣ машқ мекард, ки ҳайрон мешудед.

Хонандагон бо худ ширинӣ, бозичаҳо, либос гирифта рафта буданд. Кӯдакон бо хурсандӣ туҳфаҳоро қабул намуда, миннатдорӣ мекарданд. Дар утоқҳои дигар маъюбоне буданд, ки роҳ гашта наметавонистанд, ҳар гуна овоз мебароварданд, ҳаракатҳои ноҷо мекарданд, ки бисёр риққатовар буд. Онҳо ҳам ба умед ба дунё омадаанд. Зиндагӣ кардан мехоҳанд. Лекин кӣ айбдор? Саволҳои хонандагон ба ҷонишини сардухтур зиёд буд. Никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои ирсӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, касалиҳои сирояткунанда ба маъюбӣ оварда мерасонанд. Ҷонишини сардухтур ба таври мушаххас ба хонандагон оид ба якчанд беморӣ ва оқибатҳои онҳо сухан гуфт.

…Баҳси мо то гимназия давом ёфту ба шогирдон супориш додам, ки аз дидаву шунидаашон нақли хаттӣ нависанд. Вақте ки бо саволи “Хулосаи шумо аз экскурсияи имрӯза чист? ” ба хонандагон муроҷиат кардам, якумин шуда Абдусаттор гуфт, ки ман ҳаргиз сигор намекашам, қалён дуд намекунам, арақ наменӯшам. Хулоса, паси ҳам ҳамаи хонандагон гуфтаҳои Абдусаттору Абӯбакру Муборизро тарафдорӣ карданд.

Ташкили ҳамин гуна экскурсияҳо ба хонаи маъюбону ятимон барои ташаккули тарбияи кӯдак бениҳоят муҳим аст, зеро хонанда дар бораи чизе хонаду шунавад, фаҳмишаш нисбатан камтар аст. Лекин як бор бо чашм бинад, даҳчанд фаҳмишаш зиёдтар мешавад. Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд, «Шунидан кай бувад монанди дидан».

 

Шоира Бобоева,

омӯзгори гимназияи хусусии «Кафолат», Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш