Нашрияи Омӯзгор

Адаб перояи инсон аст

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Пӯшида нест, ки ҳоло аз одобу рафтори қисме аз ҷавонону мактабиён аҳли ҷомеа изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ин ҳолат сабаби воқеӣ дорад. Ва ин сабаб аз китобу китобхонӣ дур будани насли наврас мебошад. Китоб устоди бузурги ҳар фард аст. Фурӯғи субҳи доноӣ марбут  ба китоб мебошад.

Камина муаллим ҳастам ва солҳои тӯлонист, ки дар мактаб фаъолият дорам.  Мушоҳида мекунам, ки зумрае аз шогирдон ҳавобаланд, мағрур, худпараст ва камсавод мебошанд. Ҳатто, агар тасодуфан дар ҳавлии мактаб ва ё дар роҳравҳо ба ҳам бархӯранд, аз якдигар узр пурсидан намехоҳанд, «серкору даршитобанд» ва фаросати узр пурсиданро ҳам надоранд. Ба фаҳми чунин бачаҳо, узр пурсидан  пастию тарсончакӣ, худро дар пеши каси озордида сархаму муттаҳам кардан аст. Наврасону ҷавонони мо бояд бидонанд, ки ҳаргиз ин хел нест. Барои одами тарбиядида узр пурсидан  камоли маданият ба ҳисоб меравад. Шогирдони мо бояд бидонанд, ки каси мағруру ҳавобаланд оқибат шарманда мешавад, ончунонки «бори каҷ ба манзил  намерасад».

Шаҳреза Акимова,

омӯзгори мактаби №129-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш