Нашрияи Омӯзгор

Тамоку заҳр аст!

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Тибқи тадқиқоти олимони  соҳаи тандурустӣ, ҳар сол дар дунё садҳо ҳазор одам бо сабаби сигоркашӣ тарки олам мегӯянд.

Ҳангоми сигоркашӣ моддаҳои зарарноки сигор ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафаскашӣ даромада, ба пардаҳои луобӣ  ва ҳубобчаҳои шуш мечаспад ва тавассути луоби даҳон ба меъда дохил мешавад. Бино ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, дуди тамоку ба бемории дилу рагҳо боис мегардад.  Аммо аз чӣ бошад, ки бархе аз одамон, хусусан, ҷавонону наврасон ба тамокукашӣ гаравида, дидаю дониста ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Медонем, ки тамоку зараровар аст, вале на ҳамаи истифодабарандагони он аз таърихи пайдоиш ва зарараш огоҳанд. Дар таркиби сигор чор ҳазор моддаи  кимиёвии зарарнок мавҷуд буда, барои саломатии инсон ниҳоят хавфноканд. Аз ҷумла, никотин дар таркиби баргҳои тамоку зиёд аст. Никотин моддаи заҳрноки равғанмонанд буда, таъсири бад дорад. Он пас аз ворид шудан ба ҷараёни хун дар ҳафт сония ба мағзи сар расида, баъдан ба дигар узвҳо паҳн мегардад ва пас аз даҳ – понздаҳ сонияи фурӯбарии дуди сигор он мағзи сарро карахт карда, ба инсон оромӣ мебахшад. Дар ҳолати истифодаи барзиёди сигор ин карахтии мағзи сар то ҷойе мерасад, ки қувваи ҳофизаро суст ва инсонро фаромӯшхотир месозад. Дар баробари ин, никотин боиси бисёршавии глюкоза дар хун шуда, гуруснашавиро кам мекунад, калорияҳои аз ғизо гирифтаи организмро сӯзонда нобуд месозад.

Сигор ба безурётии мардон ва зуд аз насл мондани занон низ сабаб мешавад. Мутаассифона, шумораи онҳое, ки тамоку мекашанд, дар ҷаҳон садҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бештар аз нисфи марду чоряки занони қитъаҳои сайёра тамоку мекашанд. Тамокукашӣ дар байни ҷавонон зиёд ба назар мерасад.

 Аз тамокукашӣ дурӣ ҷустан кори оқилон аст.

Ҷамила САИДОВА,

омӯзгори биология 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш