Тоҷикистон давлати ман, модари ҷони ман аст,
Туҳфаи Яздону з-авлоди ниёгони ман аст.
Бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад маҷмӯаи «Дунёи меҳр» - и муаллимаи гимназияи рақами 1-и шаҳри Душанбе Гулчеҳра Давлатова. Ин маҷмӯаи нахустини ашъори шоира буда, дар он гармии меҳри қалби муаллиф ва самимияту муҳаббати ӯ нисбат ба Ватани маҳбуб-Тоҷикистони азиз равшан ба мушоҳида мерасад.
Дар сарсухани маҷмӯа, аз ҷумла, омадааст, ки:
«Дардро сароидану ба дармонаш расидан хоси мардуми дардошност.
Дарду ғами дилро бар мардум ифшо карда тавонистан ҳам ҳунар аст. Ҳунаре, ки дар замири инсон ҳасту худ бехабар аст… Аз нахустмаҷмӯаи Гулчеҳра аён гашт, ки қадамҳояш дар ҷодаи шеър устувору боварибахшанд».
Иловакунӣ
Иловакунии фикр