Нашрияи Омӯзгор

Бозӣ дар таълим

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Бозӣ машғулияти дӯст-доштаи кӯдак буда, барои инкишофи ақлию фикрии ӯ кумак мерасонад.

Дар ҳамбастагӣ ба тарзи таълими салоҳиятнок, мебояд, ки аз  синни хурди мактабӣ мо хонандагонро ба ин усул тайёр намоем. Дар вақти дарс мо бояд аз усулҳои гуногуни салоҳиятнок ба монанди МДД, хӯша, усули Т, синквейн, диаграммаи ВЕНН ва боз якчанд усули дигар истифода барем.

Вақте ки омӯзиши ҳарфу рақамҳоро оғоз менамоем, пас аз омӯхтани 10 – 12 ҳарф зуд-зуд гузаронидани бозии “Бинго” хеле муфид аст. Бачаҳои синфи 1 бозиро бо шавқи том иҷро мекунанд. Бозии “ҳарф партофта, аз як ҳиҷо сохтани чанд калимаи дигар” омӯхтани ҳарфу рақамҳоро осон мегардонад.

Ғайр аз ин, аз бозиҳои “Бинго”, «Ҷои худро ёб”, “Афтиду гум шуд” сохтани калима, шабу рӯз, маро шиносед, ронандаи зирак, ба ман чӣ гуна либос мезебад ва ғайраҳоро истифода бурдан, шавқу завқи бачаро ба дарсомӯзи дучанд мегардонад. Вақте дарси  мо рангин мешаваду дар ҳар дарс ду-се бозиро гузаронем, дар лавҳи хотири кӯдак он хуб нақш мебандад. Хонандагон низ дилгир нашуда, бо шавақу ҳавас ба мактаб меоянд.

Дар рафти дарс гузаронидани бозӣ хонандагонро чусту чолок, боақл, зудфаҳм, қобилияти фикр-рониашонро васеъ менамояд.

Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки барои беҳтару хубтар гузаштани дарси хеш кӯшиши ҳамешагӣ ба харҷ диҳем, эҷодкор бошем.  

 

Назира ҶӮРАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №1-и

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш