Нашрияи Омӯзгор

Ҳуснафзои кишвар

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Аз омори демографӣ маълум аст, ки 75%-и аҳолӣ дар деҳаҳо зиндагонӣ мекунанд ва кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодии кишварро ташкил медиҳад. Дар деҳаҳо дар навбати аввал, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ, замин, об, чарогоҳҳо, боғу токзорҳо ва ғайраҳо хеле муҳим мебошанд.

Дар минтақаҳои баланд-кӯҳи кишвар парвариш ва рушди чорводориро ба роҳ мондан лозим аст. Аз ҷумла, агар мурғпарвариро рушд диҳем, шарҳрвандони кишвар ҳам бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд ва ҳам некуаҳволии мардум беҳтар мегардад.

Барои рушди деҳот ташкил кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ нақши бузург мебозад. Дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад.

Барои рушди деҳот сохтмони заводҳои  хурду бузург нақши калидӣ мебозад. Ҳоло роҳи мошингарди байни шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар бозсозӣ мешавад.

Роҳҳои мошингарди байни ноҳияҳои Данғара,Балҷувон ва Ховалинг пурра таъмир шуда, мумфарш гардиданд.

Роҳи оҳани байни шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ёвон ва Бохтар ба анҷом расонида, ба истифода дода шуд,ки ин пешравиҳо барои рушди деҳот мусоидат мекунанд.

Корхонаҳои хурди истеҳсолие, ки дар деҳоту музофоти ҷумҳурӣ сохта шудаанд, рушди деҳотро  таъмин менамояд.

Солҳои охир бо дастгирии ҳукумат  ва давлат дар деҳоти кишвар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва варзишӣ бунёд гардида, инчунин, корхонаҳои дӯзандагӣ дар маҳалҳо ба кор шурӯъ карда истодаанд.

Соҳибкорони мамлакат иқдоми Президенти мамлакатро дастгирӣ намуда, барои рушди деҳот дар ҷойҳои зисташон саҳмгузорӣ намуда, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногунро сохта, дар хизмати мардуми деҳот қарор медиҳанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат бародарон Саъдуллоевҳо, ки  истиқоматкунандаи  хоҷагии ба номи Фирдавсӣ мебошанд, дар зодгоҳашон муассисаи таълимӣ сохтанд, ки ин муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои таҳсили 1300 хонанда  дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд 6500 иншоот бунёд мегардад. Давоми 6 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 1429 иншоот, аз оғози соли 2018 то имрӯз беш аз 278 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар марҳилаҳои рушди деҳаҳои мамлакат вазифаҳои кормандони соҳаи маориф низ меафзояд. Айни ҳол, беҳтар шудани сатҳу сифати  таълиму тарбия, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ қадамҳои устувор дар самти рушди деҳот ба шумор меравад.

 

Маҳбуба Гирдонова,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш