Муҳаммадқулӣ Салими Теҳронӣ шоири тавонои ғазалсарои асри XVII форсу тоҷик буда, ашъори худро бо сабки ҳиндӣ сурудааст. Бояд хотирнишон намуд, ки то ин дам аз ғазалу рубоиёти Салими Кошонӣ пораҳое ба табъ расидаанду халос. Ба наздикӣ бо саъю эҳтимоми шоири умедбахш ва пажӯҳишгари ҷавон Насимбек Қурбонзода дар шаҳри Хуҷанд гулчини ғазалҳои ин шоири нодирсухан таҳти унвони «Сад барги ғазал» ба нашр расид, ки иқдоми нахустин дар роҳи ба хонандагон расондани намунаи ғазалҳои шоири нозукхаёл маҳсуб меёбад.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр