Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони варзидаро омода намоем

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Саноатикунонии босуръати кишварро бе неруи инсонӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ мутахассисони варзидаю соҳибтаҷриба мавқеи калидӣ доранд. Мутахассиси баландихтисос метавонад дар ҷалби сармояи хориҷӣ, тарҳрезии корхонаҳои саноатӣ, васлу насби таҷҳизоти муосири технологӣ, истифодаи бомароми дастгоҳу таҷҳизот, истеҳсоли маҳсулоти босифат, маркетинги маҳсулоти истеҳсолшуда ва молҳои ба содирот нигаронидашуда саҳми арзанда гузорад.

Бо қарори маҷлиси раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон   «Барномаи омӯзиши ҳадафҳои саноатикунонии кишвар барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 5 соат» тасдиқ гардидааст, ки он мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад: заминаҳои саноатикунонии кишвар, ҳадафҳои саноатикунонӣ ва натиҷаи саноатикунонии мамлакат, ки дар дарсҳои тарбиявӣ аз фанни «Асосҳои соҳибкорӣ» таълим дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар 21 коллеҷ ихтисосҳои соҳаи саноат омӯзонда ва мутахассисон омода карда мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳамасола ҷавонон рӯ ба ихтисосҳои соҳаи  саноат оварда, соли 2013-2014 агар теъдоди хатмкардагони ихтисосҳои саноатӣ 864 нафарро ташкил диҳад, соли 2017-2018 он ба 1327 нафар расидаааст, соли 2017-18 нисбат ба соли 2013-2014 463 донишҷӯ коллеҷҳои мазкурро зиёдтар хатм намудааст. Дар самти тайёр намудани мутахассисон дар МТОК бошад, корҳо хубтар ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки дар панҷ соли охир 4969 донишҷӯ ихтисосҳои соҳаи   саноатро хатм намудаанд. Дар МТОК, дар 10 муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи саноат тайёр карда мешавад. Шумораи хатми  донишҷуёни ин ихтисосҳо дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2017-2018 737 нафарро ташкил намудааст.

Вазорати маориф ва илм ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаи таълимӣ оид ба саноатикунонии кишварро таҳия ва дастраси омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гардонидааст. Барномаи таълимӣ дар доираи 6 соати таълимӣ таҳия шудааст. Дар барномаи мазкур омӯзондани таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва рушди саноати миллӣ, омӯзондани нақш ва аҳамияти саноатикунонии иқтисодиёт, ошно намудани донишҷӯён ба сохтори умумии соҳаи саноат, усулҳои таҳлили сохтори соҳа, тавсифи нақши корхонаҳои саноатӣ дар амалигардонии ҳадафҳои сиёсии саноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзондани ҷанбаҳои инноватсионии рушди саноати миллӣ, зарурати амалигардонии стратегияҳои тараққиёти соҳаҳои саноати миллӣ, усулҳои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои рушду инкишофи истеҳсолоти саноатӣ ба барнома ворид гардидаанд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимие, ки дар онхо барои саноати кишвар мутахассис омода менамоянд, силлабус ва барномаҳои таълимӣ бозбинӣ карда шуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таҷрибаомузии донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Раванди таъминоти кадрҳои касбӣ барои соҳаи саноат аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар масъалаи аҳамиятнок буда, ҳалли фаврии он ба танзими давлатӣ ва ҳамкории муштараки вазорату идораҳои дахлдор вобаста аст.

 

Мавҷуда Тоймастова,

омӯзгори географияи

ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш