Нашрияи Омӯзгор

«Наврӯз – пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо»

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Бо ҳамин ном дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.

Дар оғози ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ҳозиринро ба фарорасии соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфта, ин оини ниёгонро аз қадимтарин ва азизтарин ҷашни миллии халқҳои ориёинажод унвон кард.

Сипас, дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои саёҳатии Наврӯз ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ дар он», «Ҷашнгирии Наврӯз дар Осиёи Марказӣ»,  «Наврӯз ҷашни зиндагист» ва «Ҷашни Наврӯз дар миёни мардуми форсизабони Афғонистон» маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш