Наврӯз бузургтарин ва куҳантарин ҷашни миллии ақвоми ориёӣ буда, чун гаронбаҳотарин мероси ниёгони халқи тоҷик, рамзи ваҳдату якдилӣ, пайғоми ҳаёти нав ба оламиён, тарғибгари таҳаммул, ҳамбастагӣ, якдилӣ ва сулҳ, рукни муҳими худшиносии миллӣ эътироф мешавад.
Наврӯз ҳамчун ҷашн 4–5 ҳазор сол қабл аз ин дар Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Машриқзамин ба миён омадааст. Ҳатто иддае аз муҳаққиқон онро бо офариниши Ҳазрати Одам(а) баробар медонанд. Наврӯз ҷашни инсонҳои некманиш ва таҳаммулгаро аст. Он оини бедориву хушҳолӣ барои инсоният, эҳёи ҳаёти нав ба оламиён аст. Наврӯз оғози баҳор ва файзу баракати сол аст. “Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ин ҷашни бостонӣ эҳё шуд ва ҷомаи навин ба бар кард. Ин Наврӯз чун мероси гаронмояи аҷдодӣ бо рӯҳу ҷон ва зиндагии мардумамон омезиш ёфтааст. Наврӯз кулли инсону мавҷудотро равони тоза бахшида, онҳоро ба ояндаи нек, рузгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят менамояд.
Ба андешаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд...”
Чун Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ ёфтааст, халқҳо ва мамлакатҳои чаҳон дар заминаи таърихи пайдоиш ва расму оинҳои таҷлили Наврӯз роҳи сулҳ ва зиндагии осоиштаро пеш гирифта, зиндагии худро бо конунҳои табиат ҳамоҳанг сохта, муносибати мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон қавитар менамоянд.
Ганҷина РАСУЛОВА,
омӯзгори мактаби №63, ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр