Рӯзи наву наврӯзии шодона расида,
Ин муждаи идона ба ҳар хона расида.
Сардӣ зи миён бурдаву гармӣ бифизояд,
Африштаи некӣ зи афсона расида,
Аз мақдами ӯ поку тамиз хонаи дилҳо,
Меҳмони азизест, ки шоҳона расида.
Бо рақсу суруд гулхани бобоӣ фурӯзем,
Деги суманак шом ба субҳона расида.
Биё, сӯи чаман
Биё, сӯи чаман, ки ҷилвагоҳ аст,
Баҳор асту Ватан Наврӯзгоҳ аст.
Мулоқоти нави хуршеду моҳ аст,
«Насабзидан, нарақсидан гуноҳ аст».
Баҳор асту ҳама олам муаттар,
Баҳори тоҷикон гултоҷ бар сар,
Замину осмон болида яксар,
Аё сабзинаи сабзи чаканпӯш,
Туӣ олиҳаи сарсабзи Наврӯз,
Биё, андар бари гарми Ватан ҷӯш
Парастуи хаёлат болафшон,
Фаротар аз уқоби кӯҳсорон,
Биё, бин, тӯй дорад Тоҷикистон,
Ба ҷоми гул шароби ноби Наврӯз,
Ба шоми дил чароғи обӣ афрӯз
Биё, дар соати ҷашни дилафрӯз,
Нуринисои Султон,
омӯзгори мактаби № 32 – и
ноҳияи Айнӣ
Наврӯз муборак!
Эй чашми чаҳонбин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй ботини бекин, ба ту Наврӯз муборак.
Эй миллати хушбин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй якдилу якдин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй лоиқи таҳсин, ба ту Наврӯз муборак!
Эй силсилакӯҳҳои Ватан дар бари ҳам рост,
Дар рӯи замин кишвари ман аз ҳама зебост.
Ин мулки азиз оинапардози назарҳост,
Бо фоли наку омадӣ Наврӯз, ҳувайдост.
Эй соҳиби оин, ба ту Наврӯз муборак!
Эй чашма, ту фаввора бизан аз ҷигари санг,
Биштоб ту бар саргаҳи Роғун ба сад оҳанг,
Ин миллати ман миллати бофазлу бафарҳанг,
Берун бикашад нур аз ин об ба сад ранг.
Эй қуллаи тамкин, ба ту Наврӯз муборак!
Наврӯз муборак ба ту, эй дидаи бедор,
Наврӯз муборак ба ту, эй миллати меъмор.
Наврӯз муборак ба ту, эй халқи сазовор,
Наврӯз муборак ба ту, эй бахти падидор.
Эй соҳиби ҳафтшин,ба ту Наврӯз муборак!
Наврӯз муборак ба ту, эй халқи музаффар,
Овозаи ин миллати моро ба ҷаҳон бар.
Аз Рӯдакиву Мавлавӣ сад қисса намо сар,
Бо фазли Худододиву бо ақли тавонгар.
Эй соҳиби ҳафтсин, ба ту Наврӯз муборак!
Эй кабки дарӣ, қақра бизан дар камари кӯҳ,
Шодӣ бифизо, дур бинамо ҳар ғаму андуҳ.
Бо лаҳни хушат боз бубахшой ба мо рӯҳ,
Ин миллати ман лоиқи икрому таваҷҷуҳ.
Эй суннати дерин, ба ту Наврӯз муборак!
Раҷаб САИДӢ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр