Соҳаи маориф дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ба он ҳамеша диққати хоса дода мешавад. Пешвои миллат маорифро соҳаи афзалиятнок номидаанд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид гардид, ки аҳли соҳа ба масъалаи таълиму тарбия, омӯзишу парвариш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар баробари ин, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар карда, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшида, самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин бояд намуд. Дар муассисаи таълимии мо низ ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷамъи устодон қисмати бештарро муаллимаҳо ташкил медиҳанд ва қариб ҳама соҳиби маълумоти олианд. Умуман, ба масъалаи занҳо дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот, фарогирии онҳо ба касбу корҳои гуногун таваҷҷуҳи доимӣ ба назар мерасад. Дар ин самт фармоиш, қонуну қарорҳо, барномаҳою консепсияҳои зиёде ба тасвиб расидаанд. Масалан, ҳанӯз барои дастгирӣ ва баланд бардоштани мақоми занон аз таърихи 3 декабри соли 1999, №5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, №89) ба тасвиб расидаанд, ки мувофиқи онҳо занҳои дорои касбу кори гуногун сарбаландона дар қатори мардон фаъолият намуда истоданд.
Имрӯз бонувони мо бо ғайрату матонати худ, аз рӯйи вазифаҳои бар дӯш доштаашон дар эъмори давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд дар қатори мардон истода, саҳми шоистаи худро мегузоранд. Боварӣ ба онҳо аз тарафи Роҳбари Давлат имконият фароҳам оварда истодааст, ки ҳарчӣ бештар дар таълим ва тарбияи ҷомеа, ба даст овардани муваффақиятҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ҳиссагузор бошанд.
Марям Сангова,
омӯзгори мактаби
66-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр