Нашрияи Омӯзгор

Нишони ваҳдату покӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарин ва муқаддастарини мардуми ориётабор буда, баъдҳо мардуми араб низ онро пазируфтаанд ва бо гузашти солҳову асрҳо халқҳои дигари олам ба таҷлили он пардохтанд. Наврӯз ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, киштукори деҳқониву мавсими кори чорводорон, ҷашни натанҳо инсон, балки ҳамаи мавҷудоти олам низ мебошад. Наврӯз нишони олию хубию ваҳдату покӣ, ҳамдилию ҳамзабонӣ ва иди сафою эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ба ин замон чандин марҳилаи вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, хушбахтона, то ба замони мо расидааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Наврӯз гуфтаанд: “Вақте ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини куҳани аҷдоди дар низоми давлатдории ниёгони мо мақоми басо арзанда доштааст”. Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад, ки аз рӯзгори пешин то ин замон ба мо расидаанд. Кӯдакон дар оғози фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро  ба ҷой меоранд. Онҳо гулҳои наврустаи баҳорӣ, хоса бойчечакро хона ба хона бурда, мардумро бо омад-омади баҳор ва Наврӯз табрик мегӯянд. Соҳибхонаҳо ба онҳо ҳадяҳо медиҳанд. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо даст мезананд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, кинаю адоватро аз дил меронанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, хонаҳоро тоза мекунанд, гулхан меафрӯзанд ва аз болои оташ меҷаҳанд...

Дар рӯзҳои Наврӯзи духтарон куртаҳои миллӣ мепӯшанд, дастархони Наврӯзӣ меороянд. Занҳо либоси идона ба бар намуда, суманак мепазанд, наварӯсонро дуо дода, рақсу байтхонӣ мекунанд. Дар як гӯшаи ҷашнгоҳ ҷамъомадагон кабкҷанг, хурӯсҷанг ташкил менамоянд. Духтарони ҷавон бодпарию сангчабозӣ мекунанд. Дар Наврӯз як қатор мусобиқаҳои варзишӣ низ гузаронида мешаванд. Гӯштингирию бандкашӣ, аспдавонию бузкашӣ, чилликбозию чавгонбозӣ, бандпараку алвончакбозӣ  ба ин ҷашн шукӯҳи  дигаре мебахшанд. Дар арфаи Наврӯз калонсолон ва мӯйсафедони деҳаҳо бо дуои нек ба киштукори баҳорӣ оғоз мебахшанд. Баъд аз он ки Тоҷикистони азизамон соҳибистиқлол гардид, Наврӯз бо тамоми рукнҳояш дар қатори идҳои расмии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи шоистаи худро ёфт.                         

Номаи Наврӯз

 

            Навиштам номае бар номи Наврӯз,

            Ҳама дунё бувад бар коми Наврӯз.

            Замин бедор шуд, эҳё бигардид,

            Гилеми махмалин дар боми Наврӯз.

            Ғазал мехонад аз нав чашмасорон,

            Чӣ рӯҳафзо бувад пайғоми Наврӯз.

            Шукуфта сад гули меҳру таманно,

            Гирифтам шохаи бодоми Наврӯз

            Маро дилбар ба шохи гул заду гуфт

            Биё, аз ман бигир инъоми Наврӯз

            Намеғунҷам дигар дар олами худ,

            Мададгорам шуда илҳоми Наврӯз.

            Ба тан пӯшидаам пироҳани шукр,

            Аз истиқлолу аз ҳар гоми Наврӯз.

            Ба ҷисмам бӯйи гул ҷони нав овард,

            Бувад дар дастам акнун ҷоми Наврӯз.

Муборакбодӣ

 

            Муборак иди Наврӯзи ҷаҳонӣ,

            Муборак ҳамдилию ҳамзабонӣ.

            Ҳамехоҳем, ки ҳар як сокини даҳр,

            Ба ҳамдигар намояд меҳрубонӣ.

            Ба тан пироҳани идона пӯшид,

            Замин дар партави сулҳу амонӣ.

            Ду Сайёра, Замину чархи гардун,

            Ҷавонӣ дораду дорад ҷавонӣ.

            Насим аз буйӣ гулҳо мужда овард,

            Бубин рухсораҳои арғувонӣ.

            Нидои чашмасорони кӯҳистон,

            Ба гӯш орад садои зиндагонӣ.

            Ҳавасҳо зиндадори ҳар нафас шуд,

            Шукуфт он хандаҳои ормонӣ.

            Муборак васли хоку васли сабза,

            Муборак даста- даста гулфишонӣ.

            Бағал бикшода о ҷонам тасаддуқ,

            Ки то бахшам ғазал бо шодмонӣ.

            Худовандо, ба азми бандагонат,

            Ба Наврӯзи дигар моро расонӣ.

 

Бобоҷони Нурзод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш