Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми кишвар озмуни минтақавии «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид, ки дар он довталабон аз шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок доштанд. Озмунро директори МҶТИК Киромуддин Назаров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки соли дуюм аст дар ҷумҳурӣ озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» роҳандозӣ мегардад. Мавсуф афзуд, ки таъминоти меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти кабинети технологияи иттилоотӣ, уҳдадориҳои вазифавии мудири кабинети технологияи иттилоотӣ, мавҷудияти шароит барои кори инфиродӣ бо компютерҳо ва ғайра аз шартҳои озмун мебошанд. Омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Роғун Райҳона Сафарова дар бораи тарзу роҳҳои муҷаҳҳазгардонии кабинети технологияи иттилоотии муассиса, таъмини моддӣ-техникӣ, пайваст ба шабакаи интернет, қоидаҳои бехатарии кор бо компютерҳо ва ғайра иттилоъ дод. Аммо довталаб дар хусуси дастуру барномаҳои вижаи марбут ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ маълумоти дақиқ дода натавонист, чун худи дастуру аснод мавҷуд набуд. Ҳамчунин, сабти видеоӣ намоиш дода нашуд. Довталаб аз мактаби №34-и шаҳри Турсунзода Ҳалима Авазова зикр кард, ки дар кабинети технологияи иттилоотии таълимгоҳ 32 адад компютер мавҷуд мебошад. Муассиса тариқи модем ба шабакаи интернет пайваст аст. Аммо аз навори пешниҳодшуда маълум шуд, ки кабинети технологияи иттилоотӣ тибқи талаботи низомнома ҷиҳозонида нашудааст. Омӯзгори мактаби №48-и ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадсиддиқ Мирзоев зимни муаррифии кабинети технологияи иттилоотии таълимгоҳашон, аз ҷумла, зикр намуд, ки 17 сол шуд, ки аз фанни технологияи иттилоотӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Дар кабинети технологияи иттилоотии мактаб 2 адад видеопроектор ва 23 адад компютер мавҷуд аст. Дастуру асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва васоити аёнӣ дар кабинет ҷой дода шудааст. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо тавассути Ваймакс интернет фаъол аст. Довталаб афзуд, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар муаррифии номбурда намоиши видеонаворҳо бо истифода аз компютер ва тахтаи электронӣ ба мушоҳида расид. Парвина Дӯстова, омӯзгор аз мактаби №4-и ноҳияи Варзоб, асноди меъёрию ҳуқуқии кабинети худро, ки аз 16 баста (папка) иборат буд, ба намоиш гузошта, зикр кард, ки 14 компютер дар хизмати мактабиён қарор дорад. Омӯзгорони таълимгоҳ бо компютер кор карда метавонанд. Афсӯс, ки муаллима дар нашрияҳои соҳавӣ мақолаю матолиб дар хусуси истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ дар дарсҳо навиштаву чоп накардааст. Довталаб Бахтиёр Мирзомуродзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат собиқаи панҷсолаи корӣ дорад. Ҳини машғулиятҳо аз барномаҳои «Ланвизир» (назорати тамоми компютерҳо аз як равзана) ва «Рагмин» истифода мекунад. Омӯзгор Ҷамшед Нидоев аз мактаби №17-и ноҳияи Тоҷикобод зимни шинос намудани кабинети технологияи иттилоотии таълимгоҳашон қайд кард, ки дар муассисаи таълиммии онҳо таъминот бо компютерҳо 75 фоизро ташкил медиҳад. Довталаб аз мактаби №20-и шаҳри Ҳисор Ҳайдар Муродов, ки собиқаи 16-солаи корӣ дорад, дар муаррифии кабинети технологияи иттилоотии таълимгоҳашон маҳорати баланд нишон дод. Натиҷаи заҳматҳои муаллим аст, ки шогирдони ӯ дар олимпиадаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ мунтазам иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ, довталабон Муҳиддин Нуров аз мактаби №59-и ноҳияи Файзобод, Идрис Саидакрамов, мактаби №2-и ноҳияи Рашт, Бахтиёр Алиев, муассисаи таълимии №61-и ноҳияи Сангвор ва Дилшод Ҷӯраев аз мактаби №16-и ноҳияи Шаҳринав дар хусуси таҷҳизоту васоити аёнӣ, дастурамалу барномаи таълимӣ, истифодаи компютеру тахтаҳои электронӣ ва амсоли ин маълумот дода, кабинети технологии таълимгоҳҳои худро муаррифӣ карданд. Дар ҷамъбасти озмун ҷойи аввалро омӯзгори мактаби №71-и шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Мирзомуродзода, ҷойи дуюмро довталаб аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Ҳисор Ҳайдар Муродов ва ҷойи сеюмро омӯзгори мактаби №4-и ноҳияи Варзоб Парвина Дӯстова соҳиб гардиданд. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Мирзомуродзода ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр