Нашрияи Омӯзгор

Мулоқот бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

13-уми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода роҳбари Намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Алберто Коррейя Мендесро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Барномаи ғизои мактабии БОҶ ҳамчун кумаки иловагӣ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ баромад менамояд. Ҳадафи Барномаи мазкур мусоидат намудан ба таъмини таҳсилот, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар як кӯдак мебошад. Барномаи ғизои мактабӣ аз соли 1999 амал мекунад. Дар айни замон дар доираи Барнома тақрибан 390 000 хонанда ва тақрибан 2000 мактаби деҳот бо хӯроки ҳамарӯза таъмин мебошанд.

Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш