Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ таърихи беш аз ҳафтодсола дорад. То таъсиси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода он ягона муассисаи таълимии тайёркунандаи ихтисосҳои китобдорӣ, коркунони клуб – роҳбарони ансамблҳои миллӣ ва маҳфилҳои худфаъолиятии драмавӣ, ташкилотчии корҳои маданӣ – равшаннамоӣ, маърифатӣ буд.
Ин коллеҷ аввалин муассисаи фарҳангиест, ки дар омода сохтани мутахассисони соҳа заминаи муҳим ва асосӣ гузоштааст. Хатмкардагони ин даргоҳ минбаъд ба муассисаҳои олии шаҳрҳои Москваю Санкт-Петербург, Украина, вилояти Владимири ФР ва дигар шаҳру навоҳии хориҷ аз Тоҷикистон рафта, таҳсили худро идома медиҳанд. Он соли 1945 бо қарори Комиссариати халқҳои ИҶШС ва РСС Тоҷикистон дар назди имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун техникуми китобхонавии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Муассиса ҳамон тобистон ба қабули довталабон шурӯъ карда, пас аз ду сол он ба ноҳияи имрӯзаи Рӯдакӣ кӯчонда шуд. Бинои онвақтаи ҷудогардида ба талаботи техникум ҷавобгӯ набуд, аммо зарур буд, ки новобаста ба ҳамаи мушкилот барои кишвар дар замони баъдиҷангӣ мутахассисони соҳаи фарҳанг омода карда шаванд. Ҳамон солҳо ҳатто як қатор омӯзгорон барои дарсгузарӣ аз шаҳрҳои Москваю Санкт – Петербург даъват шуда буданд. Онҳо тавассути тарҷумонҳо соҳаи китобдорӣ ва фарҳангшиносиро ба донишҷӯёни тоҷик таълим медоданд. Ниҳоят, зарурияти тағйири номи муассиса низ ба миён омад. Аз соли 1952 то соли 1965 он бо номи мактаби сесолаи кормандони маданӣ – маърифатӣ амал кардааст. Пас аз он ба омӯзишгоҳи маданию маърифатӣ табдили ном кард. Соли 1997 бошад, номи омӯзишгоҳи фарҳанги ҷумҳуриявиро гирифт ва ба номи яке аз аввалин сарварони маъруфу маҳбуби ин таълимгоҳ - Партов Ҷалилович Буйдоқов гузошта шуд. Шашуми авгус-ти соли 2016 ин таълимгоҳ ба коллеҷ табдили ном кард.
Таъмини шароит – асоси пешрафт
Дар коллеҷи фарҳангӣ айни замон шуъбаҳои таълими мусиқӣ, рӯзноманигорӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ, эҷодиёти бадеии халқ (фолклор) амал менамоянд. Ихтисосҳои мазкур асосан дар заминаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва аз рӯйи заминаҳои хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар назди коллеҷ литсей низ мавҷуд аст, ки дар он наврасони болаёқати ҷумҳуриамон таҳсил менамоянд. Таҳсил дар ду шакл – рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Чун солҳои пешин дар коллеҷ шогирдон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон таҳсил доранд. Ягона норасоии ин муассисаи илмиву ҳунарӣ надоштани хобгоҳ барои донишҷӯёни ниёзманд буд, ки хушбахтона, дар натиҷаи талошу ҷустуҷӯҳо ин мушкилӣ низ роҳи ҳалли хешро ёфт. Акнун имрӯз дар паҳлуи коллеҷ хобгоҳи дуошёна бунёд ёфта, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидааст. Айни замон дар хобгоҳ, ки барои будубоши 70 нафар сохта шудааст, беш аз панҷоҳ нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд зиндагӣ мекунанд. Аз 29 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон дар коллеҷ мехонанд ва қисми зиёди онҳо аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлонанд. Ҳаминро ҳам таъкид кардан бамаврид аст, ки шогирдони коллеҷ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳимми ҷумҳуриявию ноҳиявӣ бо ҳунарҳои навозандаи асбобҳои мусиқӣ, сарояндагӣ, шеърхониву актёрӣ ва дигар ҳунарҳои омӯхтаашон иштироки фаъолона доранд. Коллеҷи мазкур дорои синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо компютерҳо (40 компютери пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет, 10 принтер, 1 тахтаи электронӣ), толори бошукӯҳи варзишӣ, синфхонаҳои замонавии бо аёниятҳои дарсӣ ҷиҳозонидашуда, китобхонаву осорхона, нуқтаи тиббии ройгон ва бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Таъмини шароити даркорӣ, албатта, муҷиби пешрафт ва самараи кори дилхоҳ мегардад.
- Барои самаранок гузарондани дарсҳо, аз ҷумла, машғулиятҳои варзишӣ, - мегӯяд директори коллеҷ Идрис Оқилзода, - тамоми шароитҳо муҳайёст. Махсусан, барои пурсамар гузронидани дарсҳои варзишӣ ва чорабиниҳои дигари таълимӣ толори варзиширо муҷаҳҳаз гардондаем. Он ҳанӯз соли 2005 – ум бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда буд. Акнун дарсҳои тенниси рӯимизиву баскетболу волейбол ба тариқи лозимӣ гузаронида мешаванд. Аз 9800 адад адабиёти китобхона бештар аз панҷ ҳазор нусхааш китобҳои тахассусист, ки боиси хурсандии устодону шогирдон гардидааст.
Ташаббус самар овард
Чи тавре роҳбари муассиса гуфт, ба коллеҷ то солҳои аввали навадуми асри гузашта хоҳишмандон бештар меомаданд, ҳоло бошад, тайи бештар аз панҷ – шаш соли охир таваҷҷуҳи онҳо камтар шудааст. Шояд як сабаби ин ба ҷиҳати иқтисодии оилаҳо рабт дошта бошад, сабаби дигар камтаваҷҷуҳии волидон ба касбинтихобкунии фарзандонашон аст. Инро ба назар гирифта, дар як қатор навоҳии ҷумҳуриамон курсҳои кӯтоҳмуддати китоб-дорӣ ва ташкилотчии корҳои фарҳангӣ созмон додем. Танҳо дар ҳашт - даҳ соли охир дар як қатор навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ин курсҳоро бештар аз дусад нафар хатм намуданд. Акнун метавонем, ки бо ин усул муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо кадрҳои соҳаи китобдорӣ, ки пештар маълумоти касбӣ надоштанд, таъмин намоем. Чунин иқдом дар як қатор навоҳии дигар, аз ҷумла, Рашт, Нуробод, Лахш низ амалӣ гардидааст. Ин усул минбаъд низ идома хоҳад ёфт, зеро тақозои замон буда, коллеҷ ба ташкили чунин кор имконияти васеъ дорад. Барои амалӣ шудани ин амал мо кадрҳои болаёқати унвонҳои илмидоштаро ҳам дорем. Умуман, дар масъалаи кадрҳо ва адабиёти тахассусиву асбобҳои гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ ҳеҷ мушкилие садди роҳи мо шуда наметавонад. Фикр мекунам, агар ҳамдигарфаҳмӣ ва қобилияти хуби кордониву истифодаи таҷрибаи пешқадам амалӣ гардад, кор ҳамеша пеш меравад. Ин гуна имкониятро мо дорем ва ин боиси ифтихорамон ҳам ҳаст.
Фаъолияти ояндаи
шогирдон – зери назорат
Ҳоло дар коллеҷ 720 нафар шогирд таълим мегиранд, ки ба онҳо 57 нафар устод нозукиҳои касби интихобнамударо меомӯзонанд. Дар байни онҳо доктор ва номзадҳои илму муаллимони шинохтаи соҳа низ ҳастанд. Чунин имконият тақозо менамояд, ки ҳам аҳли коллеҷ ва ҳам шогирдонамон аз таҷрибаи чунин устодон истифодаи доимиву саривақтӣ баранд, савияи дониши хешро баланд бардоранд. Маъмурияти коллеҷ зарурияти таълими шуъбаҳои номбаршударо ба назар гирифта, ҳанӯз соли 1997 дар назди коллеҷ литсей таъсис дод, ки он имрӯз бомуваффақият амал карда истодааст ва хонандагонро пас аз хатми синфи ҳаштум қабул менамояд.
- Мо на танҳо ҳангоми фаъолият дар коллеҷ, балки пас аз хатми муассиса ба тақдири ояндаи шогирдонамон низ бетараф нестем, - иброз дошт И. Оқилзода. – Шогирдон пас аз хатми коллеҷ боз омӯзишро дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва мактабҳои равияи мусиқӣ ва китобхонашиносӣ доштаи Федератсияи Россия идома медиҳанд. Ҳар сари чанд вақт бо маъмурияти ин муассисаҳои фарҳангӣ дар тамос шуда, аз хониши шогирдонамон воқиф мегардем.
Ҳамқадами замон будан хуб аст
Бино ба иттилои директор, ҳамоҳанг будан бо набзи замон аз хусусиятҳои умдаи фаъолияти маъмурияти коллеҷ аст. Аз ин рӯ, кори таълиму тарбия мувофиқи талаботу нишондодҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи солонаи корҳои таълим ва тарбия дар соли хониши 2017 – 2018 ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди коллеҷ дар таълимгоҳ як қатор корҳои назаррас низ ба анҷом расонда шудааст. Аз тарафи маъмурияти коллеҷ дар нимаи дуюми соли хониши ҷорӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақша – чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи он то имрӯз чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ дар миқёси ноҳия ва берунтар аз он баргузор намуда, ҳамзамон барои корҳои ободониву таъмири биноҳои таълимӣ чораҳои мушаххас андешида шуд. Махсусан, озмунҳои «Бонуи ҳунар» ва «Дастони моҳир» хеле ҷаззобу хотирмон таҷлил гардиданд.
Ояндаи нек аз имрӯз
вобаста
Имрӯзҳо махсусан нарасидани мутахассисони соҳаи китобдорӣ дар миқёси ҷумҳуриамон аз мушкилоти асосии соҳаи китобдорӣ ёдрас мешавад. Ба хотири рушди фарҳанги миллӣ ҳалли дурусту саривақтии ин масъала ногузир аст. Ин аст, ки дар мулоқот бо зиёиён ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки халқи тоҷик аз азал китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз ва идома додан танҳо ба фоидаи наслҳои имрӯзу ояндаи мост. Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии мазкур низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад ва ҳамеша мекӯшад, ки дар пешрафти соҳаи номбурда саҳмгузор бошад.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр