Нашрияи Омӯзгор

Тавсияҳои созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар хусуси пешгирӣ аз коронавирус

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дӯстони азиз, хушбахтона, вируси короно ба кишвари азизи мо наомадааст, вале ба шумо тавсияҳои охирини Созмони ҷаҳонии тандурустиро пешниҳод мекунем.

Охирин тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои пешгирӣ аз вируси корона:

1. Вируси корона аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас, агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед.

2. Вируси корона дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи филизӣ аз 12 то 20 соат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад.

3. Ин вирус то 60 дараҷаи сонтигрод дар бадан зинда аст, вале дар ҳавои кушод дар дамои болои 30 дараҷа мемирад. Пас, беҳтар аст, шустушӯҳо ва назофатҳоро бо оби гарм анҷом диҳед.

4. Короновирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн меравад.

5. Либосҳоро зери нури офтоб ё рӯи гармкунакҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм ҳаммом кунед.

7. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм (чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм) бинӯшед.

8. Ҷои ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас, пайваста биниатонро бо оби гарм шустушӯ кунед.

9. Агар ба нӯшидании гарм дастрасӣ надоред, сақич бихоед, то гулӯятон мураттаб бо оби даҳонатон тар ва шустушӯ шавад.

10. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бошад.

11. Дар тӯли рӯз чандин маротиба ба муддати 10-15 сония нафасатонро нигаҳ доред ва сипас хориҷ кунед. Агар сулфа ё тангии нафас пайдо кардед, ҳатман ба маркази дармонӣ муроҷиат кунед. Қабл аз пайдоиши мушкили нафасӣ ба табиб муроҷиат кунед, то дер нашуда бошад.

12. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед:

-аввалан, фосилаи 1,5 - метрӣ аз дигаронро риоят кунед;

-дувум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500 нонометр) ва ба замин меуфтад, кафшҳоятон манбаи олудагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро дохили хона наоред, доим  онҳоро тоза кунед.

13. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад, аз дигарон фосила гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҷазб шавад ва пароканда нагардад.

14. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз даҳонбанд (маска) истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз даҳонбанд намегузарад. Вале даҳонбандро доим бояд хушк нигоҳ дошт. Яъне онро зуд-зуд бояд иваз кард.

Бо орзуи нарасидани пои ин офат ба кишвари азизамон ва саломатии мардуми шарифи Тоҷикистон!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш