Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи ҳаёт

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Дар синфҳои ибтидоӣ вобаста ба ҷашнҳову санаҳои таърихӣ баргузор намудани соати тарбиявӣ аҳамияти махсус дорад. Аз ҷумла, хеле муҳим аст, ки чунин машғулият бо шогирдон ба муносибати Рӯзи Модар баргузор карда шавад.

Ҳадафи асосӣ аз ин соати тарбиявӣ парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба модар, эҳтироми волидон ва муносибати хуб доштан бо   духтарони синф мебошад.

Соати  тарбиявӣ бо суханронии омӯзгор оғоз меёбад. Ӯ, аз ҷумла, иброз медорад, ки модар ҳамрозу ҳамдам ва ҳидоятгари роҳи нек ба фарзанд мебошад. Шоире дар ситоиши модар фармудааст:

Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз,

Зи як инъоми модар гирад оғоз.

Ҳама он пухтагиҳое, ки дорем,

Зи шири хоми модар гирад оғоз.

Модар чароғи хонадон, идомадиҳандаи зиндагӣ ва тарбиятгари фарзанду ҷомеа аст. Ҳар ҳарфи вожаи модар маънои хосеро дорост:

М- меҳр, муҳаббат, меҳрпарвар, мунис, мушфиқ, муборак...

О- олиҳа, оина, осуда, оромиш...

Д- дилсӯз, диловар, дилрабо,  доно, дӯстдор...

А- азиз, анис...

Р- раҳмдил, раҳбар, раҳкушо...

Сипас, хонандагон аз шеърҳо ва ҳикматҳо дар ситоиши модар порчаҳо мехонанд.

Мадина: - Аё модар, мадори ман ту будӣ,

Гули  аввалбаҳори ман ту будӣ.

Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,

Зибас сарчашмадори ман ту будӣ.

Шерзод: - Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрбори

модар аст,

Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.

Омина: -  Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯё маҳз барои ҳамин ба дунё омадаанд.

Коинот: - Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Сумая: - Ҳаёти инсон дар рӯйи замин ба Модар вобаста аст. Модар сарчашмаи ҳаёти музаффари фарзанд аст ва танҳо бо дуои неки  ӯ дарахти умри фарзанд сарсабз хоҳад монд.

Лайло: -  Мардуми Шарқ ҳангоми таваллуди фарзанд ба чашмонаш шири модарро медӯшанд, то ки нури чашмаш бештару мунаввартар бошад:

Гар ба чашми мо намеҷӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод  дар айём мемондем мо.

Дар идомаи соати тарбиявӣ хонандагон бо роҳбарии омӯзгор саҳначаҳо меороянд, суратҳои кашидаашонро ба намоиш гузоштаву шарҳ медиҳанд, дар бораи модари худ нақл мекунанд.

Омӯзгор соати тарбиявиро ҷамъбаст намуда, ба хонандагон таҳсин мегӯяд ва бори дигар аз ҳама даъват месозад, ки модари худро дӯст доранду эҳтиром намоянд. Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки дар хона оид ба мавзӯи “Модари меҳрубони ман” ҳикояча нависанд.

 

Заррина ТУРСУНХОЛОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби № 3-и ноҳияи  Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш