Нашрияи Омӯзгор

Ҷӯяндаву кӯшо

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ҳабиба дар аспирантураи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намуда, дар як вақт ба донишҷуён аз фанни «Таърихи маданияти ҷаҳон» дарс медод.

Рӯзе  нигоҳаш ба эълоне дар рӯзномаи шаҳрии «Шуълаи ирфон» дар хусуси ишғоли вазифаи омӯзгори таъриху ҳуқуқи литсей барои хонандагони болаёқат ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат   афтид. Ният кард, ки  ҳуҷҷатҳояшро ба озмун пешниҳод намояд. Ҳабиба дар озмун ғолиб омада, вазифаи пуршарафи омӯзгори таъриху ҳуқуқро  дар ин даргоҳи баобрӯ соҳиб гардид.

-Албатта, бароям рӯзҳои аввали кор мушкил буд. Аз дарси худам қаноатманд набудам, ҳар қадар устодонам дар дарсҳоям иштирок намуда, дар баробари ибрози баъзе  камбудию норасоиҳо бештар маро таъриф намуда, рӯҳбаланд мекарданд. Ман ҷустуҷӯ мекардам, мехондам, дар дарсҳои устодони собиқадор иштирок мекардам. Имрӯз эҳсос менамоям, ки заҳмату талошҳоям беҳуда нарафтанд, -мегӯяд Ҳабиба рӯзҳои аввалини ба мактаб ба кор омаданашро ба ёд оварда. Дере нагузашта дар байни шогирдону омӯзгорони мактаб соҳиби обрӯю иззат гардид.

Дарсҳояш пурмазмуну пурсамаратар гардида, барои хонандагон шавқовару ҷолиб менамуд. Шогирдонаш кӯшиш менамуданд, аз дарсҳои муаллима қафо намонанд, супоришҳои ба хона супурдаро иҷро кунанд, ба ҳар дарс бо тайёрии пухта биёянд. Мавсуф тавонист  ба мақсади худ, ки дар хонандагон баланд бардоштани сатҳи дониш, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ ва таҳким бахшидан ба маърифати ҳуқуқии шогирдон буд, ноил шавад. Ӯ меҳру муҳаббатро нисбат ба ин фанҳо дар қалби хонандагон ҷой намуд.

Муаллима шаклу намудҳои гуногуни таълимро хубу шавқовар ташкил менамуд. Аз техника ва технологияи муосири таълим самаранок истифода мекард. Дониши назариявию амалияшро тақвият мебахшид. Ҳабиба гуфтаи ҳикматомӯзи донишманди чинӣ Конфутсийро дар хусуси он ки: «муаллими ҳақиқӣ набояд як лаҳза худ аз донишомӯзӣ дар канор бошад»-ро шиори ҳаррӯзаи зиндагияш интихоб намуда буд. Меомӯхт, роҳу усулҳои навини таълимро дар машғулиятҳояш истифода мекард. Камбудию норасоиҳои дарсашро бо ҳамкорону устодонаш таҳлил менамуд. Донишу таҷрибаашро дар курсу семинарҳо, конфронсҳои омӯзишӣ такмил мебахшид, шаби дароз ба дарс тайёрӣ медид. Аз ин рӯ, машғулиятҳое, ки ӯ бо шогирдонаш мегузаронад, шавқовару пурмазмун ва хотирмонанд.

Соли 2006 дар озмуни «Муаллими сол» муаллимаи ҷавон иштирок намуда, дар байни  даҳҳо  омӯзгори мактабҳои шаҳр ҷои аввалро соҳиб гардид. Рӯзномаю маҷаллаҳо  ва воситаҳои ахбори омма ӯро «муаллимаи арзанда», «муаллимаи донишманд». «муаллимаи босавод» гуфта муаррифӣ намуданд. Озмуни минтақавии «Муаллими сол-2006» дар дараи хушманзари Харангон баргузор  гардид. Рафти озмун нишон дод, ки муаллимаи таъриху ҳуқуқи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони  болаёқат ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат»  Ҳабиба Соҳибова бо истеъдоду дониши баландаш фарқ мекунад. Дарсашро бо асбобу васоити аёнӣ  ва технологияи инноватсионӣ, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим гузаронида, бо баҳои баланди ҳайати ҳакамони озмун мушарраф гардид. Дар чанд қисмати озмун ғолиб омад, вале барои ҷои аввалро соҳиб гаштан ҳамагӣ ним хол камӣ кард ва дар байни 13 иштирокчии озмун  ҷои дуюмро ишғол намуд. Офаринаш хонданд, зеро ӯ бо вуҷуди омӯзгори хеле ҷавон буданаш, бо дониши хубу истеъдоди баландаш ҳамаро қоил намуда буд. Нутқи  буррою  ширин, ҷаззобу нишонрасаш ба иштирокчиён ва ҳайати ҳакамони озмун бисёр маъқул гашта буд. 

Соли 2012 барои санҷиши донишу истеъдод ва таҷрибаи намунавияш Ҳабиба бори дувум дар озмуни «Муаллими сол-2012» иштирок намуд. Дар озмуни шаҳрӣ ва минтақавӣ ҷои аввалро сазовор гардида, барои иштирок  ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ба дарсҳои гузаронидаи муаллима барои он дар озмун  холи баландро сазовор донистанд, ки онҳо бисёр шавқовару пурмазмун гузаронида шуда, бештар ҷанбаҳои илмию дидактикӣ доштанд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни ғолибони минтақаю вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷои сеюмро сазовор гашт.     

Аз соли 2008 то ба имрӯз қариб даҳ сол боз шогирдони муаллима на танҳо дар сатҳи шаҳр ва минтақа, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ дар озмунҳои фаннӣ аз фанни таъриху ҳуқуқ ҷойҳои аввалу ифтихориро соҳиб мешаванд. Ҳамасола нишондодҳои шогирдонаш дар ин самт беҳтару хубтар мегарданд. Аз баъзе нобарориҳо рӯҳафтодаю дилшикаста намегардад, фавран барои ислоҳи камбудию нуқсонҳо ҳамроҳи шогирдон камар мебандад ва қуллаҳои нав ба навро фатҳ менамояд.                                                      

Муаллима, инчунин, ғолиби озмунҳои «Роҳбари синфи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Ҳуҷҷатнигор ва кабинети беҳтарин» (дар сатҳи ҷумҳурӣ)  дониста шудааст. Ҳабиба барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат   ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорнома ва нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.                                                                    

 

Аюб Давлатов,

дотсенти кафедраи      

методикаи таълими фанҳои

гуманитарии  ДҶТИБКСМ    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш