Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти омӯзгор

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Таълими ибтидоӣ  пояи ташаккули  шахсият, таҳкурсии  омӯзиш ва парвариш мебошад. Вай ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозад. Сухан на дар бораи он меравад, ки хонандагон дар ин зина хондан, навиштан ва ҳисоб карданро меомӯзанд, бо ҳодисаҳои табиат каму беш шинос мешаванд, балки сухан аз он аст, ки шавқу  ҳаваси маърифатандӯзии бачаҳо дар ин давра нисбат ба мактаб, таълим, муаллим ва китоб меафзояд, ки ин омили хеле муҳим дар раванди таълим мебошад.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо кӯдакони ҳафт – даҳсола сару кор дорад. Аз ин хотир, вай бояд ҳамчун тарбиятгар, мушфиқу меҳрубон, серҳаракат, чеҳ-ракушоду ҳозирҷавоб бошад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бояд тахайюлоти бой, лафзи ширин дошта бошанду бо ривояту афсонаҳои диққатангези хеш бачаҳоро мафтун карда, дурро наздик, мушкилро осон, мураккабро сода нишон дода тавонанд. Бо рафтор, хулқу атвори нек, чун оҳанрабо кӯдаконро ба сӯйи худ кашида ояндаи неки онҳоро чун офтоби оламоро мунаввар созанд.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ медонанд, ки пас аз 10 – 15 сол шогирдон метавонанд сарварони коргоҳҳои истеҳсолӣ  шаванд ва онҳо бояд ба тарзи нав фикр  кунанд,  корро пеш баранд. Барои он ки бо тарзи нав кор кунанд, ҳатман бояд ба таври нав бихонанд, муаллим бояд ба тарзи нав ба дарсҳо тайёрӣ бинад ва дар хотир дошта бошад, ки ҳар як дарси хубу эҷодкорона идест барои шогирдон. Вале ин ид дар натиҷаи меҳнат, маҳорат ва муҳаббати омӯзгор муяссар мегардад; меҳнати эҷодӣ, маҳорати педагогӣ, муҳаббати модарона. Ана ҳамин хислатҳо устодро дар назди хонанда ва падару модари ӯ боқадр мегардонанд.

Раванди таълим фаъолияти тарафайни омӯзгор ва хонандаро тақозо мекунад. Ҳеҷ гоҳ «ман мехонам», «ман менависам», «ман нақл мекунам» - гуфтан даркор нест. Бо ин тарз бояд рафтор кард: «мо мехонем», «мо менависем», «мо нақл  мекунем». Бигзор хонандагон дар симои устодони хеш як ҳамдарди худро бубинанд. Дар синфҳои ибтидоӣ устодоне машғулият гузаронда метавонанд, ки нисбат ба бачаҳо меҳрубон, пуршафқат, ғамхор бошанд. Онҳо табиатан бачаҳоро дӯст доранд, шахсияти онҳоро эътироф намоянд, тахайюлоти бой дошта бошанд. Бо чунин хислатҳо онҳо дар дилу дидаи шогирдонашон як умр ҷой мегиранд ва шогирдон аз доштани чунин устодон ҳамеша меболанд.       

Кавгинисо  ИСОЕВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №58, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш