Нашрияи Омӯзгор

Таълими ҳикояи «Пули ҳалол»

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Дар байни китобҳои таълимие, ки дар синфҳои поёнӣ омӯзонда мешаванд, китоби «Забони модарӣ» барои синфи 3 (муаллифон И.Абдуллоев, З.Абдуллоев, Б.Боронов ва З.Дорғабеков) барои мо, омӯзгорони ин зинаи таҳсилот, писанду мақбул мебошад.

Зеро китоби мазкур бо забони содаю фаҳмо таълиф гардида, луғатҳои мушкилу душворфаҳм дар зери матнҳо шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.  Барои далели гуфтаҳои худ таълими як мавзӯъро дар синфи номбурда аз фанни забони модарӣ чун намуна меорем. Ҳикоя «Пули ҳалол» ном дошта, бо муҳтавою ғояи тарбиявии худ аҳамияти калонро доро мебошад. Аз усули анъанавии қироат ва нақли матн истифода бурда, хонандагон бо навбат ҳикояро мехонанд. Ҳар пораи хондашударо бо  дарку фаҳмиши худ нақл мекунанд. Дар сурати ба мушкилию нофаҳмӣ рӯ ба рӯ гардидани шогирдон ман ба онҳо кумак расонда, моҳияти қисмати қироатшударо шарҳу тавзеҳ мебахшам. Дар ҳикоя дар бораи марде сухан меравад, ки ба пирӣ расидаву дар бистари беморӣ мехобад. Ин мардро писарест танбалу коргурез. Аз ҳамин сабаб, падар ба ҳамсараш мегӯяд, ки ҳамаи дороиҳоямро ба ягон шахси бегона васият мекунам, зеро аз писарамон ҳеҷ фоидае нест. Вай танбал аст, як пули сиёҳ ҳам даромад карда наметавонад. Зан дар қаҳр шуда, ба писараш як  сомонӣ медиҳад ва ба ӯ роҳ нишон медиҳад, ки ҳамин пулро гирифта, то бегоҳӣ дар ягон ҷо вақташро гузаронад.

Оқибат модар ба писар панд медиҳад, ки рафта дар ягон ҷо кор кунаду пули ҳалол ба даст орад. Ҳар рӯз панҷ-даҳ дирам даромад кунӣ,-мегӯяд ба ӯ,  дар як ҳафта як сомонӣ мешавад. Писар  бори одамеро кашида, то охири ҳафта як сомонӣ ҷамъ мекунад ва онро оварда ба падар  медиҳад. Падар ин пулҳоро низ бӯй карда, ба оташдон мепартояд. Писар зуд даст ба оташдон бурда, пулро аз даруни оташ гирифта, мегӯяд, ки инҳо пулҳои ҳалолеанд, ки ман кор кардаам. Падар ба писар мегӯяд:

-Акнун ман бовар ҳосил кардам, ки ин пулҳоро ту бо меҳнати ҳалол ба даст овардаӣ. Меҳнат кунӣ, шикамат сер аст, вале коргурез бошӣ, аз гурӯснагӣ мемурӣ.

Баъд аз ин падар тамоми молу дароияшро ба писараш васият кард.

Дар зери матн 23 савол вобаста ба мазмуни он пешниҳод шудааст, ки   хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ба ин саволҳо ҷавоб медиҳанд.  Дар қисмати  супориш бошад, аз хонандагон талаб карда мешавад, ки аз рӯи мазмуни матн саҳнача таҳия намоянд.

Ҳамроҳ бо шогирдон саҳначаеро омода месозем. Як нафар хонанда дар нақши падар, нафари дигар дар нақши модар, яке дар нақши писар саҳнаро иҷро мекунанд. Баъд аз ин ба хонандагон чанд саволи пешниҳодшударо хонда, ҷавобашро пурсон мешавам. Аз ҷумла:

1.Андешаи шумо дар бораи пули ҳалолу ҳаром чист?

2.Агар шумо ба ҷойи  писар мебудед, чӣ кор мекардед?

3. Оё падар хуб кард, ки пулҳоро ба оташдон партофт? Ягон роҳи  дигари ба писар фаҳмондан буд? Кадом  роҳ?

4. Агар ба ҷойи падар мебудед, чӣ кор мекардед? Ба ҷойи модар чӣ?

5.Оё чунин одамон дар замони мо ҳастанд?

6. Ба онҳо чӣ маслиҳат  медиҳед?

7.Фикр ё хулосаи асосии матн аз чӣ иборат аст?

Хеле хуб аст, ки дар китоб дар алоқамандӣ бо матни зикршуда супоришҳои мантиқии шавқовар ҷо дода шудааст. Таври мисол: Дарси имрӯзаро бо аҳли хонавода муҳокима кунед. Ҳамроҳи онҳо рӯйхати пулҳои ҳалолу ҳаромро тартиб бидиҳед.

Меҳрӣ Одинаева,

омӯзгори гимназияи

инноватсионии

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш