Нашрияи Омӯзгор

Таконбахши тафаккури хонанда

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 903        Шарҳ: 0

 

Дар синфҳои ибтидоӣ, махсусан, барои хонандагони синфҳои 2 дар баробари ҳалли мавзӯъҳои барномавӣ боз супоришҳои рангоранг пешниҳод шудааст ва яке аз онҳо кор мувофиқи мавзӯъ ва мундариҷаи расм мебошад.

Пайдост, ки хурдсолон расмкаширо дӯст медоранд ва ба ин васила тафаккури худро сайқал медиҳанд. Омӯзгор, чи вақти машғулиятҳои санъати тасвирӣ ва чи ҳангоми супоришҳои мухталифи грамматикӣ, ба хонандагон роҳбалад аст ва ҳусну қубҳи амали онҳоро тавзеҳ медиҳад.

Дар китоби забони модарии  синфи дуюм муаллифони китоб Файзулло Шарифзода, Муҳаммад Лутфуллозода, Бунафша Ғаниева ва Сафармо Қуйбекова паси ҳар шеъру чистону зарбулмасал ва мавзӯъҳои фаннӣ мутобиқ ба талаботи матн расмҳои ҷолиберо аз эҷодиёти рассомон З.Давлатшоева, С.Имоддинова ва Л.Қурбонова ҷой додаанд, ки ҳар яке дар инкишофи нутқ ва такомули диди зебоипарастии шогирдон нақши муҳим мебозанд.

Супоришҳо низ мухталифанд ва  ман гоҳо бо истифода аз таҷрибаам ба онҳо  нуктаҳое  ҳамроҳ менамоям, ки хоси шавқу завқ ва майлу хоҳиши шогирдон мебошанд.

Зери ишораи «Худро месанҷем» муаллифон расмҳоро вобаста ба муҳтавои ҳикояи «Тақвими Саъба» ҷой додаанд, ки ҷолибу мувофиқ  мебошад. Супориш ин аст, ки бояд панҷ ҷумла тартиб дод. Ин ҷо ман аз маҳдудкунӣ нисбат ба шогирдон канорагирӣ мекунам ва даъват менамоям, ки майдон аз соҳибдонишон аст; метавонед бо Саъба ба сайругашт бароед ва  малакаи эҷодии хешро ба ҷилва оред. Хонандагон 25 нафаранд ва ҳар яке мувофиқи ин супориш дар доираи аз 5 то 8 ҷумла мувофиқи расм ҳикоя навистанд. Дар тӯди  5-10 дақиқа аз рӯи расм аз ҷониби хонандагон дар маҷмӯъ 130-150 ҷумла эҷод шуд, ки аксар ҳикояи хурдеро мемонданд ва далели тахайюли баланди шогирдон буданд.   Бо ин кори муаллим анҷом намеёбад; ӯ  хатоҳои аломатгузорӣ,  имлоии хонандагонро ҳангоми тафтиши дафтарҳо ишора мекунад.

«Тасвири зоҳирии инсон» (саҳифаи 170) низ мавзӯи ҷолиб аст. Бо ёрии калимаҳои ёрирасони инкор, духтар, сурх, нишастан хонандагон ҷумлаҳо меороянд ва ибрози андеша мекунанд.

Талабагонро даъват мекунам, ки вобаста ба муҳтавои фаъолияти аҳли оилаи худ ҷумлаҳо тартиб диҳанд ва тавзеҳ бахшанд.

Ин ҷо ба хонандагон боз ҳам мазмуни расмҳои китоби дарсӣ мададгор мешавад. Онҳо аз мушоҳидаи расмҳо ва дарки маънояшон ба ваҷд меоянд ва амали рассомро меписанданд.

Умуман, дар раванди таълиму тарбия расмҳои китоби дарсӣ нақши муҳим доранд. Онҳо шогирдонро ба эҷодкорӣ, зебоипарастӣ, андешамандӣ,  дақиқназирӣ ва мушоҳидакорӣ ҳидоят менамоянд. Илова бар ин, дар умқи дили иддае аз хонандагон орзуи дар оянда рассом шуданро пайдо месозанд.

Фарҳат Тӯраев,

омӯзгори мактаби № 2 - и

ба номи  Қутбӣ Киром,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш