Дар боғи истироҳатӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона бо иштироки тарбиятгирандагони кӯдакистони шаҳр баргузор гашт. Раиси шаҳр Хайрулло Амонулло бо дастовардҳои кӯдакони муассисаҳои таълимию томактабӣ ва расмҳои кашидаи рассомони хурдсол шинос гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба ин муассисаҳо диққати хоса медиҳад.
Айни замон дар 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1356 нафар кӯдаки синни томактабӣ 57 нафар мураббӣ машғуланд.
Гуфта шуд, ки фақат дар 5 моҳи соли ҷорӣ хатнасури 104 нафар кӯдак аз оилаҳои эҳтиёҷманд доир карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии идона рақсу суруди хурдтаракон хотири меҳмононро шод намуд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр