Ягона некӣ дониш асту ягона бадӣ ҷаҳлу нодонӣ.
Суқрот
Дониш неруст, неру - дониш.
Фронсис Бекон,
файласуфи англис
Ин кофӣ нест, ки зеҳни хубе дошта бошем, муҳим ин аст, ки аз он ба хубӣ истифода кунем.
Рене Декорт,
файласуфи фаронсавӣ
Дониш ғанӣ аст ва нигаҳдорандаи он –хирад.
Пенн Вилям,
сиёсатмадор ва яке аз
поягузорони ИМА
Донистани забонҳои бисёр пайдо кардани калиди зиёд барои кушодани як қуфл аст.
Волтер,
донишманди фаронсавӣ
Сармоягузорӣ бар рӯи дониш бештарин баҳраро дорад.
Бенҳомин Фронклин,
сиёсатмадор
Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё ба китобҳои хуб ва ё ба дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд.
Виктор ҳуго,
адиби фаронсавӣ
Чизҳое, ки ман мехоҳам бидонам, дар китобҳо ҳастанд. Беҳтарин дӯсти ман касест, ки ба ман китобе диҳад, ки то ҳоло нахондаам.
Оброҳом Линколн,
16 - умин Президенти Амрико
Зи дониш наҳарос, аз дониши дурӯғин биҳарос. Сарчашмаи ҳама бадиҳои ҷаҳон аз он аст.
Лев Толстой,
адиби рус
Омӯзишро дар хонавода, донишро дар ҷомеа ва бинишро дар тафаккуроти танҳоӣ меомӯзанд.
Фридрих Нича,
донишманди олмонӣ
Таҳияи Ҷаннатгул Ҳусейнова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр