Нашрияи Омӯзгор

Маърифати экологӣ такмил мехоҳад

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар шароити феълӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалае ворид шуд, ки он ба давраи рушди устувор рост омад. Ин давра ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷалби гардиши ҳаҷми калони сарватҳои табиӣ (замин, об, ҳаво, захираҳои қаъри замин, олами набототу ҳайвонот ва маҷмӯи ҳамаи захираҳо) вобастагии амиқ дорад.

Тағйирёбии иқлим, пайдошавии ҳодисаҳои гуногуни табиат (боришоти зиёд, обшавии пиряхҳо, пайдошавии вулқонҳо) ва зиёдшавии бемориҳои гуногуну азбайнравии олами набототу ҳайвоноти (флора ва фауна) рӯйи замин аз ин паёмадҳо мебошанд. Дар ин марҳала ташаккул додани фарҳанги экологии аҳолӣ ниҳоят муҳим аст. Ба ин натиҷаҳо мисли пешгириҳои равандҳои зикршуда бо баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, бо назардошти анъанаҳои экологӣ, миллӣ ва дину мазҳаб, адабиёт, санъат ва ғайраҳо ноил гардидан мумкин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаашон ба халқи Тоҷикистон барои вазъи ногувори экологӣ изҳори нигаронӣ карда, қайд намуданд: “...дар минтақаҳою ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ манзараҳоеро мебинам ва маълумотеро мешунавам, ки касро ба ташвиш меоварад. Ҷангалзорҳо бераҳмона бурида мешаванд, ҳазорҳо гектар заминҳои ҳосилхез бо сабаби нодуруст истифода кардан гирифтори эрозия ва облесӣ гардидаанд. Ҳатто, боғҳои ҳосилдиҳанда, ниҳолу дарахтони оромгоҳҳо барин ҷойҳои муқаддас несту нобуд шуда истодаанд, ки ин амали зишту носавоб ҳеҷ гоҳ ба мардуми бофарҳанги мо хос нест. Охир, ҳикмати халқ аст, ки инсон дар зиндагӣ бояд аз худ 3 нишона: фарзанди нек, хона ва ниҳоли боровар боқӣ гузорад”.

Вобаста ба ин таъкидҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, аҳолиро бояд дар рӯҳияи табиатдӯстӣ ва риояи беҳдошти он тарбия созем ва фарҳанги экологии онҳоро баланд бардорем. Дар ин замина, зарурати муҳими таҳия ва иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо ҷалби ҳамаи захираҳои илмӣ, ташкилӣ ва молиявии дастрас ба миён омада, барои ҳалли масъалаҳо, тамоми ходимони илмӣ, маориф, фарҳанг, мақомоти ҳифзи муҳити зист, иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологии манфиатдор сафарбар гарданд.

Ба рушди системаҳои мунтазами тарбияи маърифати экологии аҳолӣ равона шуда, барои тарбияи инсоне, ки мафҳуми мушкилоти муҳити зистро дарк мекунад ва барои бояду шояд аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ дорад, шароит фароҳам меоварад.

Дар айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ташкил шудааст. Қисматҳои асосии системаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аллакай амал мекунанд, вале ба рушди минбаъда ниёз доранд. Ҳадафи барномаи номбаршуда такмили асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифат ва тарбияи экологӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтарсозии ҳолати муҳити зист ва ноил шудан ба мувофиқати он ва ташкили шароити мусоиди зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фароҳам овардани заминаи илмӣ-методӣ барои соҳаи маърифати экологӣ бояд тибқи ҳадафҳои барнома бошад. Зарур аст, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои қобилияти хуби зеҳнӣ, фарҳангӣ ва илмӣ оид ба асосҳои рушди устувор ва ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, ки дар муносибат бо муҳити зист дониши амиқ доранд ва ба дараҷаи таъсири антропогенӣ ба табиат ва саломатии инсон баҳо дода тавонанд, саъю кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Вобаста ба ин, андешидани чунин тадбирҳо ба мақсад мувофиқ аст:

- таҳия ва нашри маводҳои дидактикӣ, китобҳои дарсии методӣ, модулҳои мавзӯӣ, дастурамалҳои таҷрибавӣ, истеҳсолӣ, адабиёти илмӣ-тарбиявӣ ва китобҳои дарсӣ дар соҳаи экология, ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ, тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи экология, тарбияи мутахассисон, ташкилотчиён ва роҳбарони ояндаи ҳамаи сатҳҳои маълумоти экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар мавриди оқилона истифода бурдани сарватҳои табиат, ба нақшаҳои кафедравии корҳои илмию тадқиқотӣ дохил кардани мавзӯъҳои вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,

- ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотии самти экологидошта, гузаронидани корҳои таҷрибавӣ дар сохторҳои ҳифзи муҳити зист ва дигар сохторҳои зарурӣ, баргузории мизи мудаввар, истифодаи васоити ахбори омма бо ҷалби мутахассисони соҳа ва олимон.

Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тарбия ва таълими онро аз оила ва баъдан дар муассисаҳои таълимию корхонаҳо ҷоннок намудан лозим аст. Таҳияи бунёди илмӣ-методии рушди мутахассисони касбӣ аз рӯйи самтҳои идоракунии экологӣ, суғурта, литсензиядиҳӣ, аудити экологӣ, мониторинг, сертификатсияи экологӣ, муоинаи экологӣ, амният, технологияи муосири ҳифзи табиат ва захираҳифзкунӣ ва ғайра барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аҳамияти бузург дорад.

 

Акобир Каримов,

доктори илми биология,

профессори ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш