Дар ҷараёни таълиму тарбия омӯзгорро лозим меояд, ки ба як силсила талаботи маъмулу номаълум эътибор диҳад, баъзе махсусиятҳо дар омӯзиши шогирдонро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Дар раванди таҳсил фаъолиятро комилан ба дӯши худ гирифтани омӯзгор ҳаргиз раво нест ва дар ин самт бояд бар он кӯшид, ки хонандагон низ фаъол бошанд. Солҳои охир талаботе ба миён гузошта шудааст, ки дар ҷараёни омӯзиш бояд хонандагон бештар аз омӯзгор кӯшову пурамал бошанд. Ин омили хеле муҳим мебошад.
Масъулияту амали зиёдро ба зимма гирифтани омӯзгор дар дарс боиси каммасъулият, фориғбол ва саҳлангору танбал гардидани хонандагон мешавад. Дар ҷараёни машғулиятҳо усулҳои зиёде ҳастанд, ки ҳидоятгари шогирдон ба мустақилият, худомӯзию фаъолиятмандӣ мегарданд. Масалан, омӯзгор вобаста ба мавзӯъ ду сурати манзаравиро дар тахтаи синф насб мекунад. Сурати якумро вобаста ба мазмунаш худ шарҳ медиҳад ва ҳамзамон, ба хонандагон супориш медиҳад, ки аз рӯи мазмуни сурати дуюм худ нақл кунанд (чанд нафар бо даъвати омӯзгор дар назди тахтаи синф) ва панҷ-шаш ҷумла нависанд (ҳамагон). Супоришҳои зерин низ ба рушди мустақилияти хонандагон дар омӯзиш мусоидат мекунанд: пур кардани ҷои нуқтаҳо (калима ё ибораҳои фурӯгузошта) дар ҷумлаҳо ё байтҳо, оид ба мавзӯе чанд ҷумлаи ба ҳам алоқаманд навиштан, вобаста ба ҳодисае зарбулмасал ё мақоле гуфтан, ҷамъбасти муҳокимаеро арза доштан, нақлеро бадоҳатан идома додан, дар мавзӯе эҷодкорона ҳикоя кардан, ҳодисаеро бозгӯӣ бинмудан ва ба хулосае расидан, бардоштҳои худро аз мушоҳидаи рухдоде, воқеае ба қалам додан…
Дар таълим ба корҳои мустақилона махсус вақт ҷудо карда мешавад. Маъмулан, омӯзгорон пас аз баёни мавзӯи нав ба шогирдон корҳои мустақилона (вобаста ба мазмуну муҳтавои мавзӯъ) месупоранд. Масалан, фарз кардем, мавзӯи нав «Сифат» аст. Супоришҳо пас аз тавзеҳи мавзӯъ: даҳ калимае нависед, ки мансуб ба сифат бошад, бо истифодаи ин калимаҳо ибораҳо тартиб диҳед, панҷ ҷумла нависед, ки дар онҳо ибораҳои тартибдодаатон истифода шуда бошанд, ба расми манзаравӣ нигариста, бо истифода аз сифатҳо нақл кунед, аз матни китоби дарсӣ ибораҳои сифатдорро муайян намоед, байте, зарбулмасале, мақоле гӯед, ки дорои сифатҳо бошад…
Навиштани нақли хаттӣ, иншо, эссе ва мақолаю хабарҳо низ ба такмили мустақилияти хонандагон мусоидат мекунад. Супориши вазифаи хонагии хусусияти эҷодкорӣ дошта, омили муҳими такомули мустақилияту масъулиятмандии шогирдон маҳсуб меёбад.
Ҳамкории омӯзгор (роҳбари синф) бо волидон аз шартҳои дигари хеле судманди рушд бахшидан ба мустақилияти хонандагон дар раванди омӯзиш ба шумор меравад.
Гулнозаи Ҳайдар,
омӯзгори забони англисии
литсейи «Раҳнамо»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр