Борҳо таъкид шудааст, ки омӯзгор бошарафтарин шахс дар ҳама давру замонҳост. Аз ин ҷост, ки садсолаҳо қабл аз ин шоири ҳамадону тавоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор» гуфтааст.
Ба шарофати омӯзгор ва ақлу хиради ӯ ҷомеа рушд меёбад, пеш меравад, ба комёбиҳо муваффақ мешавад. Мактабшиносони варзида се махсусияти омӯзгорро таъкид кардаанд: дониши васеи касбӣ доштан, соҳиби маҳорати баланди педагогӣ будан ва бархӯрдорӣ аз сифатҳои ҳамидаи инсонӣ. Барои он ки омӯзгор ҳамеша сазовори боварию эътиқоди аҳли ҷомеа бошад, ба ин хусусиёти умда бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд ва бояд мудом аз пайи такмили шахсият ва дониши худ ҷидду ҷаҳд бисозад. Ҳамагон ба омӯзгор чун ба шахси соҳиби маърифату фарҳанги олӣ, чун ба шахси аз ҳар ҳодисаву воқеае бохабар ва ҳамадон муроҷиат менамоянд. Омӯзгор набояд ин шарафу эътимоди мардумро аз даст диҳад ё коста намояд. Барои ин ӯро мебояд, ки мунтазам ба омӯзиш ва такмили ихтисос машғул бишавад. Роҳҳои гуногуни омӯзиши пайвас-таи омӯзгор мавҷуданд, вале тариқи асосии такмили мунтазами донишу маҳорат барои ӯ худомӯзӣ мебошад. Худомӯзии омӯзгор бояд самту соҳаҳои гуногунро фаро гирад, зеро ӯ илова ба мутахассиси фанне будан ҳамчун роҳбари синф, ходими ҷамъиятӣ, раҳнамои мардум, тавсифгари ҳодисоти ҷаҳону мушкилоти зиндагӣ низ шинохта мешавад. Вобаста ба ин, омӯзгорро лозим меояд, ки пайваста китобҳои гуногун мутолиа намояд, рӯзномаву маҷаллаҳоро варақ занад, барномаҳои сиёсиву маърифатии телевизионро тамошо кунад, аз чунин барномаҳои радио низ огаҳ бошад, аз Интернет низ бохабар бошад. Албатта, барои ин вақти зиёд тақозо мешавад, лекин омӯзгор бояд ҳамчун шахси огаҳу оқил иттилооту маълумоти муҳимтаринро ҷудо кардаву мавриди омӯзиш қарор дода тавонад.
Барои омӯзгори муосир огаҳии ҳамешагӣ аз навгониҳои меҳварӣ дар бахшҳои педагогикаю психология ва сиёсату илм муҳим мебошад. Худомӯзии бобарори омӯзгор ба ҷолибу рангину муҳтавомандтар гаштани дарси ӯ, машғулиятҳои иловагияш дар мактаб боис мегардад ва ба боло рафтани мақому мартабаю обрӯю эҳтиромаш дар назди ҳамкорон, шогирдон ва аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.
Омодагӣ ба дарсҳо, суҳбатҳои ихтисосӣ бо ҳамкорон, ворид шудан ба дарсҳои омӯзгорони варзида, ширкат дар конфронсу маҳфилҳои илмию фарҳангӣ низ ба вусъати худомӯзии омӯзгор созгор мешаванд. Худомӯзӣ барои омӯзгорон то ба дараҷае муҳим ва омили пешбар аст, ки бо ин мақсад дафтари махсусе таҳия карда мешавад. Ҳангоми аз аттес-татсияи навбатӣ гузаштани омӯзгорон низ чун анъана ба худомӯзии онҳо эътибор зоҳир мегардад. Умуман, омӯзгор бо худомӯзӣ ҳамбастагии доимию ногусастанӣ дорад.
Султонбегим
ВАТАНШОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр