Нашрияи Омӯзгор

«Чеҳраҳои мондагор»  дар меҳвари омӯзиш

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар фаъолияти омӯзгорони пешқадам ва эҷодкор шаклҳои нави дарс (усулҳои фаъол) мавқеи хоса пайдо кардаанд.

Шаклҳои фаъоли дарсҳо аз инҳо иборатанд: дарс-лексия, дарс-мубоҳиса, дарс-семинар, дарс-конфронс, дарс-санҷиш, дарс-маҳфил, дарс-машварат ва ғайра.

Дар баробари дигар шаклҳои фаъоли дарс ташкили дарси семинарӣ низ дар ташаккули донишу фаҳмиши шогирдон, инкишофи малакаю маҳорати онҳо аҳамияти бузург дорад.

Дарс-семинар вақти бештаре талаб мекунад ва дар баъзе маврид то ду соат идома меёбад. Ба унвони мавзӯъҳои семинарӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик ҳамон мавзӯъҳоеро истифода бурдан мумкин аст, ки шогирдон битавонанд ин маводҳоро аз китобҳо, матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум истифода намоянд. Баргузории машғулиятҳои семинарӣ фарогири се марҳила аст:

1. Банақшагирии мавзӯъҳо; муаллим маводи таълимии лозимаро таҳия карда, мавзӯъҳои семинарро мушаххас менамояд.

2. Омодагӣ; ду-се ҳафта қабл шурӯъ мешавад. Муаллим ба хонандагон мавзӯъ ва нақши семинарро пешкаш карда, мутолиаи адабиёти заруриро тавсия медиҳад. Хонандагон маводи лозимаро дастрас карда, маърӯзаҳо, саволномаҳо ва расмҳо омода мекунанд.

3. Даври асосӣ; баргузории машғулияти семинарии тибқи ҷадвал тасдиқшуда.

Ман дарс-семинарро доир ба китоби пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ба тариқи зерин ташкил намудам. Як моҳ қабл аз таълими мавзӯъ машғулиятро мушаххас намуда, ба хонандагон адабиёти заруриро пешниҳод кардам. Аҳли синф супориш гирифтанд, ки шоҳасари «Чеҳраҳои мондагор»-ро мутолиа карда, ба таҳлили он омода шаванд. Ҳамчунин, тарзи навиштани маърӯзаи хаттӣ ба хонандагон фаҳмонида шуд. Барои баргузории мубоҳисаҳо тартиб додани саволномаҳо, расмҳо тавсия дода шуд. Ба хонандагон супориш дода шуд, ки роҷеъ ба мавзӯъҳои зерин маърӯза ва баромадҳо таҳия кунанд:

1. Мазмун ва мундариҷаи китоби «Чеҳраҳои мондагор».

2. Пайдоиш ва ташаккули халқҳои ориёӣ-тоҷикӣ.

3. Паёмбари оини ростин.

4. Шоирон ва мутафаккирони асрҳои 9-10.

5. Рушд ва такомули забони тоҷикӣ.

6. Абармарди хирад ва сиёсат.

Дар рӯзи гузаронидани машғулияти семинарӣ дар толор расмҳои Президент, бунёдкориҳо дар тӯли истиқлолият, шахсиятҳои ҷонфидои миллат ва китобҳои Пешвои миллат ба намоиш гузошта шуданд. Дарс бо қироати Суруди миллӣ оғоз шуд. Сипас, бо даъвати муаллим хонандагон бо маърӯзаҳо баромад карда, дар муҳокимаи баромадҳои ҳамдигар ширкат варзиданд.

Хонанда Наврӯзи М. иброз дошт: Китоби «Чеҳраҳои мондагор» «самимият, муҳаббат ба халқу Ватан, таҳлили амиқи рӯзгору корномаи  25 тан шахсияти варзида - намояндагони дину мазҳаб, шоирон ва нависандагонро дар бар гирифтааст».

Хонанда Сайидикроми И: «Дар китоб дар бораи Зардушт, китоби «Авесто» маълумоти муфассал омадааст. Бешак, «роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи рос-тист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст».

Хонанда Маҳинаи Ш. иброз намуд: «Дар китоб, аз ҷумла, дар бораи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ, шеваи давлатдорӣ, ободкорӣ, меҳнатдӯстии ӯ ва бузургдошти илму маърифат дар он давра сухан меравад.

Дар дарс-семинар зикр гардид, ки агар дар асри 20 Бобоҷон Ғафуров бо таълифи китоби «Тоҷикон» чун муаррифи забардасти таърих ва тамаддуни халқи тоҷик шинохта шуда бошад, дар оғози асри 21 ин рисолати шарафмандонаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо асарҳои таърихии хеш иҷро намуданд ва тоҷикони ҷаҳонро ба хештаншиносӣ даъват карданд.

Истифодаи шаклҳои фаъоли дарс барои ҷустуҷӯ ва омӯзиши мустақилона, инкишофи нутқ ва худогоҳӣ дар ниҳоди шогирдон мусоидат мекунад.

 

Саиднасриддин Саидов,

омӯзгори таърих,

ноҳияи Сангвор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш