Нашрияи Омӯзгор

Асрори кайҳонро меомӯзем

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон 12 апрел ҳамчун Рӯзи кайҳоннавардон ҷашн гирифта мешавад.

12 апрели соли 1961 нахустин маротиба инсоният ба фазои кушоди кайҳон баромад. 108 дақиқа дар кайҳон гардиш карда тавонистани аввалин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Ю.А.Гагарин маънои инқилоберо дошт. 

Ба ин муносибат  дар  доираи эълон  гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чорабинии беруназсинфӣ баргузор гардид.

Муовини директори муассиса оид ба корҳои таълимӣ Сайфиддин Абдулхайров дар бораи таърихи фатҳи кайҳон ва нақши фанҳои дақиқ маълумот  дод.

Сипас, порчае аз филми ҳуҷҷатӣ оид ба парвози аввалини инсон ба кайҳон намоиш дода шуд. Бо ташаббуси омӯзгори пуртаҷрибаи физика, роҳбари маҳфили “Ихтироъкорони ҷавон” Анварбек Хоҷаев намоиши дастовардҳои эҷодии хонандагон, либосҳои кайҳоннавардӣ, макети ситораҳо, моҳ, офтоб, дастгоҳи мавҷпаҳнкунанда ва қабулкунанда, мушакҳо (ракетаҳо) пешниҳоди хонандагон гардонида шуд. Хонандагони боистеъдоди таълимгоҳ расмҳои кашидаашонро дар мавзӯи “Кайҳон ва инсон” манзури хонандагону меҳмонон намуданд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш