Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо кумаки молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, деҳаи Оббурдон  барои ташкили кабинетҳои химия, физика ва биология таҷҳизоти лабораторӣ дастрас карда шуд. Чанде пештар омӯзгорони фанҳои дақиқ аз семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи таҷҳизоти лаборатории фаннӣ дар таълими босалоҳият» гузашта буданд ва акнун онҳо дарсҳоро  тавассути истифодаи бештару судмандтари айёниятҳо ба роҳ мемонанду сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд мебардоранд.  Муассисаи номбаршуда мактаби такягоҳии ноҳия буда, ҳар сол даҳҳо нафар хатмкунандаи он ба мактабҳои олии кишвар ва кишварҳои хориҷӣ дохил гардида, таҳсили илм менамоянд. Дар ин самт дар деҳаи Оббурдон сохтмони муассисаи томактабӣ, варзишгоҳ дар назди мактаби деҳа, азнавсозии устохонаи ҳунарҳои мардумӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

     Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи  ноҳия Сафар Салимов,    алҳол дар деҳаҳои Дашти Оббурдон, Палдорак, Валиғунд, Деҳҳавз, Меҳрон, Эсиз сохтмони бинои нави мактабҳо давом дорад. Ояндаи наздик дар якчанд деҳаи калони ноҳия муассисаҳои томактабӣ сохта мешавад.

 

Раҳмон Қозиев,

омӯзгори мактаби № 1, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш