Нашрияи Омӯзгор

Тавонистам, ки мураббӣ шавам

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Солҳои мактабхонӣ, ҳар гоҳе ки муаллим мепурсид: Калон шавед, кӣ мешавед, Ситора як посух дошт: Дар кӯдакистон мураббӣ мешавам. Аз  хурдсолӣ ин орзуро дар дил мепарварид.

Ҳангоме ки бо бачаҳои ҳамсолаш бозӣ мекард, нақши мураббиро мебозид. Ҳарчанд дар хонавода баъзан вақт ин орзуяшро тарафдорӣ намекарданд. Падару модар худ кормандони соҳаи маориф-омӯзгор буданд. Падар дар Вазорати маориф ва илми кишвар ва модар дар мактабҳои миёна ба сифати омӯзгор ва сипас, ҳамчун роҳбари муассиса  фаъолият мекарданд. Аммо мехостанд, ки фарзандашон ягон касби дигарро интихоб кунад, чун заҳмати пешаи омӯзгориро хуб медонистанд. Ситора орзуву умедашро дар ниҳонхонаи дил пинҳон медошт, мепарварид ва интизор буд, ки мактаби миёнаро зудтар тамом кунаду ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супорад. Соли 1993 мактабро хатм кард, аммо дар ҷумҳурӣ ҷанги хонумонсӯз оғоз шуда буду хондану таҳсил кардан душвор. Аз тарафи дигар, волидон мехостанд, ки духтарашон-Ситора касби духтуриро аз худ кунад. Бинобар ин, ӯ ҳуҷҷатҳояшро бо дили нохоҳам ба коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе супорид, онро хатм намуд, аммо як соат ҳам ба ҳайси табиб фаъолият накард. Ситора  дар ин миён оила барпо намуд... Бо пеш омадани шароити мусоид ба факултаи педагогикаи томактабӣ ва психологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳуҷҷат супурд. Махсус ба ин донишгоҳ дохил шуданаш бесабаб нест. Ситора Сафарова аз табори сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, абераи Муҳиддинхоҷа, бародари бузурги устод С. Айнӣ мебошад. Ин нукта дар баробари ҳисси ифтихор эҷод кардан барояш масъулияти баланд ҳам дошт. Яъне, бояд номи бузургонро бо рафтору гуфтор ва илму дониши намунавӣ пос дорад.

- Чанд соли умри ман дар деҳаи Соктаре гузаштааст. Он хонаеро, ки солҳои кӯдакӣ  устод Айнӣ зиндагӣ кардаанд, дидаам. Имрӯзҳо авлодон хонаҳои қадимаро хароб карда, дар ҷояшон хонаҳои замонавӣ бунёд намудаанд, аммо як хоначаи онро ҳамчун нишона ба ёдгор гузоштаанд, ки аксашро дар бисёр китобҳои бадеӣ ман дидаам, - мегӯяд Ситора Сафарова. Баъди хатми донишгоҳ дар кӯдакистонҳои гуногун фаъолият дошт. Пайваста мекӯшид машғулиятҳояш барои кӯдакон шавқовару рангин бошанд. Ба ҳар як дарсаш бо тайёрии ҳамаҷониба меомад. Дар семинарҳо фаъолона ширкат меварзид, таҷриба меандӯхт. Дар даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2010» ғолиб омад, дар даври шаҳрии озмун ҷойи аввалро соҳиб шуд ва дар даври ҷумҳуриявӣ ба ӯ ҷойи дувумро сазовор донистанд.  Имрӯзҳо дар кӯдакистони №59-«Офтобак»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамчун мудири муассиса фаъолият мекунад Ситорабону. Масъулияти сангине бар уҳда дорад: модар аст, зан аст ва роҳбару мураббӣ аст. Ин борест, ки ҳар кас аз уҳдаи кашидани он намебарояд, вале ӯ бо сарбаландӣ ҳар се рисолаташро иҷро мекунад.  

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш