Нашрияи Омӯзгор

Вусъати ободкориҳо дар Фархор

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Фархор тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бинову иншооти зиёде бунёд гардида, теъдоди фаровони биноҳои нимсохту бекорхобида аз нав барқарор карда шудаанд.

Тибқи иттилои раиси ноҳия Рустам Раҳматзода иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Сокинони ноҳияи Фархор бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бунёдкориву ободониро пешаи худ кардаанд. Дар тамоми гӯшаву канори ноҳия дигаргуниҳои фараҳбахш ба назар мерасанд. Пас аз қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ дар даромадгоҳи асосии боғи марказии ноҳия ва шинондани 3510 бех дарахти гуногуни сояафкану ороишӣ, 22 500 адад гулу буттаҳои зебову рӯҳафзо дар боғи мазкур ва ба истифода додани дигар марказҳои маишӣ-хизматрасонӣ шаҳраки Фархор, воқеан ҳам, ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.

Дар рустоҳои наздику дурдаст соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони ватандӯст бо ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба бунёди иншооти таъйиноташон гуногун ва хуррамгардонии маҳалли зисти худ машғуланд.  Аз ҷумла, сохтмони ду маркази  саломатӣ  дар  деҳаҳои  Нурмат  Сафаров ва Тоҷикистон, чордаҳ маркази савдо ва дукони тиҷоратӣ, як маркази  хизматрасонӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи дуредгарӣ, меҳмонхона, ошхона ва маркази савдо, сохтмону азнавсозии бозори марказӣ, шаш майдончаи варзишӣ, чор дорухона, даҳ гармхонаи мавсимӣ, ду нуқтаи фурӯши  сӯзишворӣ ва шустушӯи мошинҳо, бунёди ёздаҳ синфхонаи илова дар  назди панҷ муассисаи таълимӣ, азнавсозии корхонаи мурғпарварӣ, коргоҳи қуму шағалбарории ҶДММ «Сангреза» аз ҳисси баланди худшиносиву ободкории сокинон ва талошҳои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дарак медиҳад. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки аз соли 2018 то имрӯз дар ноҳия як қатор корҳои назаррас ба сомон расиданд. Тибқи нақша дар шаҳраки Фархор аз соли 2018 то 2021 бояд 88 иншоот (5 адад дар соли 2018, 35 адад дар соли 2019, 39 адад дар соли 2020 ва 9 адад дар соли 2021) сохта ба истифода дода шавад.  Боиси хурсандист, ки дар соли 2018  сохтмони 5 адад иншоот ба анҷом расонида шуда, дар соли 2019 сохтмони ҳабдаҳ иншоот комилан ба анҷом расид. Соли ҷорӣ сохтмони ду иншоот ба анҷом расида, дар ҳабдаҳ иншоот корҳои сохтмонӣ мувофиқи лоиҳа ҷараён дорад.

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ маркази саломатии деҳаи Арча аз ҷониби лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, корхонаи коркарди пахта дар мавзеи Уртабуз (аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Сафаров), бинои таваллудхона, чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин, дар деҳаи Арча трансформатори нави пурқудрат насб гардида, бо дастгирии молии давлати Қувайт сокинони деҳа бо оби ошомиданӣ  таъмин шуданд. Сохтмону азнавсозии  хатти  об ба  масофаи 2 км, насби 3 адад насоси обкашии ЭЦВ-10 ва 1 адад  трансформатор аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ассалом» ба анҷом расид, ки аҳолии шаҳраки Фархор ва як қисми мавзеи Уртабузро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Ҳамзамон, сохтмони корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳраки  Фархор дар арафаи анҷомёбист.

Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба анъанаи неки мардумӣ содиқ монда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 146,6 км роҳҳо сангфаршу шағалпӯш ва кӯчаҳои 55 деҳаро чароғон карданд. Умуман, дар соли 2019 дар ноҳия 142 иншооти дорои аҳамияти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода шуд.

Сохтмони иншооти дигар, аз қабили сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии №2 дар шаҳраки  Фархор, муассисаи  таҳсилоти  умумии  №4  дар  деҳаи Аловуддин, сардхона ва кохи фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини  Ҷамоати деҳоти  Фархор,  синфхонаҳои илова дар назди мактабҳои  №№25, 36, 43, 5 бинои истиқоматӣ (5 ошёна) ва бинои раёсати молияи ноҳия, дорухона ва фурӯшгоҳҳои  хурду  калон  мувофиқи  лоиҳа  идома  доранд. Мавриди зикр аст, ки барои харидории таҷҳизоти мактабӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаҳои электронӣ ба як қатор муассисаҳои таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 77 530 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар давоми соли 2019 10 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои истеҳсоли  блоки сементӣ ҶДММ «Сабоҳ- 2018», дуредгарӣ, дӯзандагӣ, фермаи мурғпарварӣ (барои 12 ҳазор мурғ), заводи қуму шағалбарорӣ ва 3 коргоҳи мевахушккунӣ таъсис ва ба фаъолият пардохтаанд. 

Бо эътимод метавон гуфт, ки омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор бо маром идома дорад ва мардуми сарбаланди ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҳамвора талош менамоянд.

 

Сайлигул Одинаева,

омӯзгори мактаби №17 - и

ноҳияи Фархор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш