Нашрияи Омӯзгор

 Сарчашмаи панду ахлоқ

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Пӯшида нест, ки «Баҳористон»-и Абдураҳмонӣ Ҷомӣ асари  саропо панду ахлоқӣ буда, дар ташаккули зеҳни хонандагон нақши мондагор дорад. Дар «Баҳористон» дар бораи зиндагонии ибратомӯзи орифон, андешаву афкор ва ҳикмати ҳакимони бузург, нақли амали хайри подшоҳон, дӯстию вафодории дилбохтагон сухан рафта, ҳамчунин, латифаю мутоибаҳои халқӣ, зикри аҳвол ва ашъори шоирон – аз Рӯдакӣ то Навоӣ ва ҳикоёти пандомӯзи тамсилӣ оварда шудааст. Забони асар содаву равон буда, он бо насри мусаҷҷаъ иншо гардидааст. Дар машғулиятҳои дарсӣ истифода аз ин асари омӯзанда ба манфиати кор хоҳад буд.

Чанде пеш тавассути Телевизиони кӯдакону наврасон - «Баҳористон», ки маҳз аз рӯи ин асар номгузорӣ шудаву нақши он дар тарбияи насли наврас назаррас аст, аз рӯи ҳикояҳои асари мазкур филмҳои тасвирии кӯтоҳ таҳия ва пахш гардиданд. Агар ҳангоми дарсҳои адабиёти тоҷик аз чунин наворҳои пандомӯз истифода намоем, манфиатбор аст. Инчунин, иҷрои саҳначаҳо бо иштироки хонандагон аз рӯи ҳикояҳои «Баҳористон» агар аз як ҷониб, раванди азхудкунии дарсро тезонад, аз ҷониби дигар, дар нутқи хонандагонро ташаккул мебахшад.

Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки бо истифода аз мероси гаронбаҳои бузургони шеъру адабамон наврасонро ба некию некукорӣ роҳнамоӣ намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намоем.

 

Валаъмат РОИБОВА,

омӯзгори мактаби № 58-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш