Нашрияи Омӯзгор

Барнома амалӣ намешавад. Чаро?

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бояд 3080 адад компютер ва 170 тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки то имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо 1023 (33,2%) адад компютер ва 153(90%) адад тахтаи электронӣ таъмин гардидаанд. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҷараёни сатҳу сифати таълими машғулиятҳо аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» ва раванди татбиқи барнома аз якчанд муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дидан кардем. Дар ноҳияи Темурмалик дар муассисаҳои таълимии ноҳия харидории 230 адад компютер ва 49 адад тахтаи электронӣ дар назар дошта шудааст. То имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 61 адад (66%) компютер ва 13 адад (76%) тахтаи электронӣ таъмин гардидааст. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 598 адад компютер, 10 адад тахтаи электронӣ, 16 адад видеопроектор ва 1 адад тахтаи электронии сайёр муҷаҳҳаз мебошанд. Дар умум ба 13 нафар хонанда як компютер рост меояд. Дар давоми соли таҳсили 2018-2019 105 адад компютер аз таъмир бароварда шуда, 34 адади дигар таъмирталаб боқӣ мондааст. Бояд қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 38 кабинети технологияи иттилотӣ бо 205 мизу курсии махсус муҷаҳҳаз буда, 50 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ (бо таҳсилоти олӣ 37 нафар, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 13 нафар) ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Мушкилоти асосӣ нарасидани омӯзгорони соҳибкасб, кам будани кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, пайваст набудан ба шабакаи интернет ва норасоии маблағи лозимӣ барои харидорӣ намудани компютерҳо мебошад.

Дар ноҳияи Восеъ ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ 26537 хонандаи синфҳои 5-11 фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 129 нафар омӯзгори соҳибкасб таълим медиҳанд. Соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 60 адад кабинети технологияи иттилоотӣ фаъолият мекунанд, ки бо 1344 адад компютер, 206 адад принтер,19 адад тахтаи электронӣ ва 27 адад видеопроектор таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ тибқи нақша 596 адад компютер ва 23 тахтаи электронӣ бояд харидорӣ карда мешуд. Аз шумораи 358 адад компютери таъмирталаб дар давоми соли ҷорӣ 125 адад компютер аз таъмир бароварда шуда, 233 адад компютер дар ҳолати таъмирталаб боқӣ мондааст. Бояд қайд намуд, ки дар самти амалишавии барномаи мазкур саҳми соҳибкорону баъзе роҳбарони ташкилоти муассисаҳои ноҳия назаррас мебошад. Дар муддати солҳои 2018-2019 аз тарафи соҳибкорону сарпарастон 102 адад компютер, 17 адад тахтаи электронӣ, 15адад видеопроектор харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақдим карда шуданд. Рафти санҷиши таълими фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии №№1,2,3,4,8,7,9,14,16,19,20,25,28,29,31,50,5356,59 ва 61 собит намуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимии №№ 2,3,4,8,14,20,28,29,31,50,53 ва 61 дар масъалаи баланд бардоштани сифати таълими фанни технологияи иттилоотӣ кӯшишу заҳмати зиёде ба харҷ дода, кабинетҳои хуби муҷаҳҳаз бо воситаҳои нави техникӣ таъсис дода, ба дониши хуби хонандагон ноил гардиданд. Роҳбарони ин муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша 2-3 адад компютер харидорӣ намуданд. Мутаассифона, роҳбарони муассисаҳои таълимии №№ 1,7,9,16,19,25,56 ва 59 дар ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир намуда, дар ду соли амалишавии барномаи мазкур ягон адад компютер харидорӣ накардаанд. Ба замми ин, компютерҳои мавҷударо дуруст нигоҳдорӣ накарданд ва дар натиҷа аз 1 то 10 компютер дар ҳолати таъмирталаб нигоҳ дошта мешаванд. Дар ноҳия Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳия бо 4 воҳиди корӣ фаъолият мекунад, ки бо бинои алоҳида ва мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад. Дар соли 2019 аз тарафи кормандони марказ 507 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ аз курси бозомӯзии «Тарзи истифодабарии тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар дарс» гузаштанд. Ҳамзамон, 125 адад компютер аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Соли 2018 6 нафар хонандаи муассисаи таълимии № 53 ва гимназияи давлатии №1 дар озмуни вилоятии фанни «Технологияи иттилоотӣ» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Нарасидани омӯзгорони ихтисосманд дар муассисаҳои таълимии №№7,9,16,18,25,30,32,41,43,44 ва 45 дида мешавад. Боиси нигаронист, ки ҷиҳати татбиқ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ягон хел маблағ барои муассисаҳои таълимии шаҳраку деҳоти Восеъ ҷудо нагардидааст.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муъминобод бояд бо 238 адад компютер ва 17 адад тахтаи электронӣ таҷҳизонида мешуданд. Дар давоми солҳои 2018-2019 40 (17%) компютер ва 8 (47%) адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия ба 616 компютер, 108 принтер, 14 адад тахтаи электронӣ ва 23 адад проектор таъмин мебошанд.

Дар татбиқи барномаи зикршуда ҳиссаи сохибкорони маҳаллӣ калон аст. Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Аброров бо маблағи 15000 сомонӣ ба муассисаи таълимии №14 1 адад тахтаи электронӣ ва 10 адад компютер харидорӣ ва тақдим карда шудааст. Инчунин, аз тарафи соҳибкор Саидаброр Ҷаъфаров ба маблағи 32000 сомонӣ ба муассисаи таълимии №12 воситаҳои ҳозиразамонӣ техникӣ, аз қабили 1 адад тахтаи электронӣ, 8 адад компютер ва 1 видеопроектор харидорӣ карда шудааст. Дар муассисаи таълимии №1-и шаҳраки Муъминобод, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб меравад, 1044 нафар хонанда ба таълиму тарбия, аз ҷумла, дар муассиса 561 нафар хонандаи синфҳои 5-11 ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба 23 нафар хонанда компютер рост меояд. Дар муассиса кабинети алоҳидаи технологияи иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки бо 24 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шуда бошад ҳам, шароити дурусти таълимӣ барои хонандагон муҳайё нагардидааст. Дар вақти санҷиш аз 24 адад компютер 10 адад дар ҳолати корношоям қарор дошт. Директори муассиса Ҳ. Латифов мегӯяд, ки барои харидорӣ намудани воситаҳои аёнӣ-техникии таълим ягон маблағ дар сметаи хароҷотии муассисаи таълимӣ ҷудо нашудааст ва дар солҳои 2018-2019 аз тарафи муассиса ягон адад компютер ва тахтаи электронӣ харидорӣ нашудааст. Дар муассисаи таълимии №30(директораш У. Абдуллоев) ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ диққати ҷиддӣ дода, ба таълими фанни мазкур омӯзгорони ихтисосманд ҷалб карда шудаанд. Мактаб дорои ду кабинети технологияи иттилоотӣ буда, бо 22 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад. Дар соли 2018 2 компютер ва соли 2019 3 компютер ва 1 тахтаи электронӣ аз ҳисоби соҳибкорону ташкилотҳои хайриявӣ харидорӣ шудааст. Хонандагони мактаб Н. Сайдалиева (синфи 10 «а») ва М. Абдуллоева (синфи 11 «а») дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар муассисаи таълимии №2 (директораш Ш. Маҳкамов) 1398 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 868 нафар ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд. Дар муассиса ду кабинети технологияи иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки бо 32 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад. Дар ду соли охир 3 компютер, 1 тахтаи электронӣ ва 1 видеопроектор харидорӣ шудааст. Ҳамчунин, бо маблағи 7500 сомонӣ қисмҳои компютер харидорӣ шуда, компютерҳои таъмирталаб пурра таъмир карда шудааст. Рафти санҷиш дар муассисаи таълимии №4-и деҳаи Кулчашма собит намуд, ки дараҷаи дониши хонандагон ва сифати таҳсилот хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мактаби номбурда ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ ду омӯзгори ҷавон вобаста шудаанд. Кабинети технологияи иттилоотӣ бо 17 компютер муҷаҳҳаз мебошад. Қайд кардан бо маврид аст, ки 6 нафар хонандаи синфҳои 10-11-и муассисаи таълимии №7-и ноҳия дар озмуни вилоятӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойҳои аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки нарасидани воситаҳои аёнӣ ва техникӣ ба сабаби набудани маблағи лозимӣ дар қисми зиёди муассисаҳои таълимии ноҳия дида мешавад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш