12 набера дорам, 5 нафарашон дар синфҳои ибтидоӣ мехонанд. Набераҳои хурдсолам, ки мактабхон нестанд, китобҳои онҳоро гирифта варақ мезананд, ҳарфҳоро медонанд, калимаҳоро мехонанд.
Бале, аз хурдсолӣ дар қалби кӯдак меҳру муҳаббати китобро бояд бедор кард, чунки дар ин давра қобилияту маҳорати шахс дар азхудкунии китобҳои хондашуда хеле афзун буда, мазмуни асарҳои насрӣ, порабайтҳо, рӯбоӣ, ғазал, достон, қасида, қитъа, қоида, мисолу масъалаҳо ба зудӣ аз ёд мешаванд.
Дар бораи хондани китоб ва умуман, масоили таълиму тарбия 31 сол пеш, яъне санаи 24.05.соли 1988 дар рӯзномаи ноҳиявии «Ба пеш» (ҳоло рӯзномаи «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) бо далелҳо мақолаи «Хондагиҳо чӣ шуданд!?-ро навишта будам, ки ба баъзе падару модарон маъқул нашуда, бо ман ҷанҷол карданд.
Дар шароити имрӯза бошад, барои таҳсил кардан тамоми имкониятҳо муҳайёст, чунки мактабҳои замонавӣ, толорҳои васеъ, варзишгоҳҳо ва китобхонаҳои хурду калон хеле зиёданд.
Танҳо завқу ҳавсала даркор аст, ки аз онҳо моҳиронаю самаранок истифода барем.
Барои ин, пеш аз ҳама, мо бояд ҳар лаҳзаи умри худро беҳуда нагузаронем.
Ман ба чунин хулоса омадам, ки ҳар як нафар худро барои ба мақсад расонидан бояд маҷбур созад. Яъне ҳам ба шогирдон, ҳам ба калонсолон мегӯям, ки имрӯз як соат китоб хондаӣ, пагоҳ кӯшиш намою худро водор кун, ки то ду соат мутолиа намоӣ.
Аз мазмуни асари «Мактаби кӯҳна»-и устод С.Айнӣ маълум мегардад, ки домуллои мактаб сахтгиру серталаб будааст. Аз ин рӯ, устод С.Айнӣ шоир, нависанда, мунаққид, олим шуд. Аз соли 1981 инҷониб омӯзгорам. Аз соли 2010 то ба соли 2017 дар вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ» фаъолият кардам. Ҳамеша дар байни мардум ҳастам. Бисёриҳо дар солҳои охир ба меҳнат кам машғул мешаванд. Наслҳои калонсол ва падару модарон аслан такя ба маблағҳои аз Русия равонкардаи фарзанду набераҳои худ мешаванд. Бештар гап мезананд, кам кор мекунанд. Далелҳо зиёданд. Дар вақти котиби Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ» (с.2010-2017) кор карданам, зану шавҳаре ба ман муроҷиат намуда гуфтанд, ки падару модари худро ба зиёрати ҳаҷ равон карда будем. Фарз иҷро шуд. Онҳо боз рафтанӣ ҳастанд, фарзандонамонро хонадор кардан лозим. Муаллим, хоҳиш дорем, ки ин масъаларо ба онҳо тавре фаҳмонед, ки омадани моро ба идора пай набаранд. Падару модар бузурганд, боз хафа нашаванд. Сипас бо падарашон ҳамсуҳбат шудам. Гуфтам, ки амак, фарзандони баномус доштӣ, ки ба зиёрати ҳаҷ рафтӣ. Набераҳоят калон шудаанд. Сари онҳоро ҷуфт кунӣ, беҳтар мешавад. Ин таклифамро қабул намуд, баъди чанд рӯз худи бобои ҳоҷӣ маро ба тӯй даъват кард.
Дар корҳои саҳроӣ бештар ҷавондухтарон, баъди дарсҳо толибаҳои мактабӣ машғуланд. Калонсолон ба Русия занг мезананд, то маблағ равон кунанду моле харида, идро гузаронанд. Пул ба даст овардан кори осон нест, чунки худам ҳам чанд сол мардикор будам.
Дар суҳбат ва тӯю маъракаҳо қариб ҳама дар бораи даромад ва баромад, соҳибкорӣ, мардикорӣ, хонасозӣ, ҳаҷравӣ, мошинхарӣ ва қарздор шудани касе гап мезананд.
Ба кӯчаю деҳаҳо, шаҳрҳо нигоҳ намоем, ҳама зебою замонавӣ шуда истодааст. Ҳамаи ин аз баракату самараи тинҷию амонию сулҳу истиқлолу ваҳдат ба амал омадааст.
Хеле хуб мешавад, ки дар ҷевони хона, дар баробари зарфҳою зару зевари тилловорӣ, чанд нусха китобро гузорем. Фарзанд ба хона даромадан баробар чашмонаш ба китоб меафтад, худ ба худ фикр мекунад, ки ин китобҳоро хондан даркор. Чунки падару модар ё бародарам китобҳоро ҳеҷ гоҳ беҳуда нахаридааст. Барои дарстайёркунӣ ҳам бояд шароит муҳайё намоем. Мизу курсӣ дар ҳар як хонадон лозим аст.
Зинаи асосии адабу илму маърифат давраи хурдӣ ва мактабист. Ҳар як сабақи омӯхташуда, китоби мутолиагардида солҳо дар ёдҳо меистад.
Аз давраи мактабхонӣ ба мағозаи «Китоб» мерафтам, китоб мехаридам.
Дар хонаам зиёда аз 800 нусха китоб дорам, ки нисфаш дар дасти хонандагону донишҷӯён ва мухлисони китоб қарор дорад.
Ҳоло тасмим гирифтаам, ки дар деҳаамон китобхона таъсис бидиҳам.
Албатта, барои ин ба ман қитъаи замин лозим аст. Умед дорам, ки раҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ» ва ҳукумати ноҳия ин иқдоми маро дастгирӣ намуда, барои ман баҳри ифтитоҳи китобхона замин ҷудо мекунанд.
Саймаҳмад Султонов,
омӯзгори мактаби №17, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр