Ояндаи миллат, фардои шукуфои кишвар марбут ба ҷавонон ва фаъолияти пурвусъати онҳо мебошад. Вобас-та ба ин, дар тамоми мамлакатҳои мутараққӣ ба тарбияи шоистаи ҷавонон, ба ҷабҳаҳои кору зиндагии онҳо диққати ҷиддӣ ҳам аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ҳам аз тарафи аҳли ҷомеа зоҳир карда мешавад.
Дар ин самт барномаҳои махсус ва асноди дигари раҳнамою ҳидоятнамо таҳия гардидаву мавриди татбиқ қарор дода мешаванд. Бояд гуфт, ки тарбияи ҷавонон ва роҳбаладии онҳо амали хеле масъулиятбору мураккаб аст. Ҷавонон табиатан фаъолу серҳаракат, ҷӯяндаву кунҷкобанд, якрангиву танбалиро намеписанданд, ҳамеша аз паи навгонию тозакорианд. Ҷиддитарин норасоӣ дар зиндагонии онҳо камтаҷрибагист ва бар асари ин норасоӣ гоҳе зумрае аз ҷавонон раҳгум мезананд, ба ғалатҳои ҷиддӣ мепечанд ва баъзан ба фоҷеаҳои мудҳиш дучор меоянд. Аз ин рӯ, ашхоси таҷрибадидаи ҷомеа, махсусан, аҳли маорифро мебояд, ки нисбат ба тақдири ҷавонон бетараф набошанд ва дар ин бобат пайваста тадбирҷӯӣ бикунанд. Хушбахтона, ҷавонони тоҷик дар саросари мамлакат фаъолияти пурбор доранд ва баҳри пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ҳиссаи шоиста мегузоранд. Ҷавонони мо дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва варзиш дастовардҳои чашмгир доранд ва мақеашонро дар ҷомеа пайваста вусъат мебахшанд. Тоҷикистон чун кишвари ҷавонон шинохтаву эътироф шудааст ва рушди мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти онҳо ҳамбастагӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҷо амалиёти ҷавонон марҳила ба марҳила такомул ёфт ва бо ибтикори онҳо созмонҳои гуногуни ҷавонон, чун Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъ-ияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқ-дон, созмони «Созандагони Ватан» таъсис дода шуданд, ки дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти мамлакат нақши муассир мегузоранд. Мақсади асосии ин ҳама ҷамъияту созмонҳои ҷавонони тоҷик таъмини пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ифтихору худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, таконбахшӣ ба инкишофи иқтисодиёти кишвар, ширкати фаъолона дар сохтмонҳои азим, мусоидат ба тарбияи ҳаматарафаи насли наврасу ҷавонон ва ҳифзи онҳо аз ҳар гуна таъсири манфию идеологияи бегона мебошад. Ҷавонони мо мекӯшанд, ки ба арзишҳои миллӣ арҷгузор бошанд ва манфиатҳои миллиро пойдорона ҳимоят бикунанд.
Чун мо дар ҷаҳони пурҳаводису пуртазод зиндагӣ дорем, баъзан ба қисме аз ҷавонони камтаҷрибаву зудбовар ғояҳои пурғарази бегона таъсиргузор мешаванд. Ин ҷо таълимоти ифротию тундгаро дар назар аст, ки чун зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ шинохтаву маҳкум шудаанд. Тамаъҷӯён ва мубаллиғони ҳаракатҳои террористию экстремистии «Ал-Қоида», «Салафия» «Байъат», «Ал-Ҷиҳод», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Рофизиён», Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва монанди инҳо ба ҳар роҳу васила мекӯшанд афкори ҷавононро заҳролуд созанд ва онҳоро ба тахрибкориву хиёнат ба Ватан ҳидоят намоянд. Ин гурӯҳҳои ифротгаро ҳадафҳои хатарбор доранд ва баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ҳатто, дини мубини исломро муғризона ба худ сипар месозанд ва ғояҳои исломиро бо таҳриф бозгӯӣ мекунанд. Онҳо бо ин аҳдоф аз воситаҳои техникии иттилоотии муосир низ васеъ истифода мебаранд. Имрӯз саҳифаҳои интернетии «Фейсбук», «Ютуб» «Одноклассники» саршор аз таблиғоти хоинонаву ғаразбори ифротгароён шудааст. Хушбахтона, ҳоло ҷавонони тоҷик хеле ҳушёру бедор шудаанд ва хубу бадро дақиқ тафовут бахшида метавонанд. Чанде аз ҷавонони фиребхӯрда низ хатои худро хуб дарк кардаву ба оғӯши Ватани азиз баргаштанд. Ин ҷо нақши сиёсати ватанпарастонаву башардӯстонаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят барҷаста аст.
Ба тақдири ҷавонон ҳамагон масъулем ва бояд марҳила ба марҳила ба тарбияи шоистаи онҳо, ба раҳнамоию дастгириашон ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Нигора Абдуллоева,
ҷонишини директор оид ба шуъбаи ғоибонаи коллеҷи
муҳандисӣ-омӯзгории
ноҳияи Ҷаббор Расулов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр